Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардикорони кӯдак ва ё кӯдакони мардикор


Галина Деревенчинко, масъули равобити иҷтимоии Дафтари ҳуқуқи инсони Тоҷикистон мегӯяд, мувофиқи омори расмӣ 52 фисади аҳолии Тоҷикистонро кӯдакону ҷавонон ташкил медиҳанд ва то кунун дар кишвар нақзи ҳуқуқи ҳамин қишри ҷомеа ба чашм мерасад. Аксаран поймолшавии ҳуқуқи атфоли тоҷик дар истифода аз меҳнати онҳо, дастрасӣ ба маълумот ва ҳамчунин имконоти маҳдуди кӯдакони маълул маҳсуб меёбад. Галина Деревенчинко:

«Бо назардошти он ки 62 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар ҳоли фақр қарор дорад, мутаносибан, кӯдакону наврасон барои кӯмак ба волидон дар пешбурди зиндагӣ ба меҳнат рӯ меоранд. Ноболигон бо мақсади дарёфти қути лоямут корҳои вазнинро анҷом медиҳанд, ки ба инкишофи ақлииву ҷисмонии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.»

Дар ин замина ман сӯҳбате доштам бо ду наврасе, ки яке дар бозори Саховат ба кашидани ароба ва дуввумин дар бозори Шоҳмансур ба шустани мошин машғул аст:

«Вақте ки фурӯшандаҳо борҳояшонро меоранд, мо бо аробаҳоямон борҳояшонро мебарем. Як хел рӯз мешавад 10 сӯм-20 сӯм кор мекунем. Ман пулҳои ба даст овардаамро ба модарам медиҳам ва ӯ ба ман 20 ё 50 дирам медиҳад.»
«Ман аслан мошин мешӯям. Субҳ кор мекунаму нисфирӯзӣ ба мактаб меравам. Хайр дар ҳавои сард хунук мехурему мешӯем.»


Хонум Деревенченко мегӯяд, дар синни хурдсолӣ ба бозори меҳнат рӯ овардани кӯдакон боиси пайдо шудани мушкили дигар мегардад, яъне онҳо ба тадриҷ аз мактаб ва таълиму тарбия дур мешаванд ва ба ин васила, ҳуқуқи дастрасӣ ба маълумот барои онҳо таъмин намешавад.

«Бар тибқи маълумоти Вазорати маориф 65 фоизи кӯдакон ба таври мунтазам дар дарсҳо ширкат намекунанд ва 30 дарсади кӯдакон умуман ба таҳсил фарогир нашудаанд, ки ин албатта наметавонад ба мизони саводнокии ин хонандагон бетаъсир бимонад.»

Аммо, дар ҳамин ҳол, Фарҳод Раҳимов, муовини вазири маорифи кишвар мегӯяд:

«Тибқи омори расмӣ, ки мо дар даст дорем, дар сартосари ҷумҳурӣ тахминан 5 ҳазор кӯдак аз мактаб дур мондааст, ки ин ҳатто аз як фисад ҳам камтар аст. Чунки имрӯз дар муасиссаҳои таълимӣ як миллиону ҳаштсад нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст.»

Дар гузориши солонаи Дафтари ҳуқуқи инсони Тоҷикистон бо такя ба маълумоти бунёди атфоли СММ ҳамчунин омадааст, дар Тоҷикистон имрӯз шумори атфоли маълул беш аз 20.000 аст, ки аксари куллашон мутааллиқ ба хонаводаҳои фақиранд. Он ёрие, ки ба чунин оилаҳо расонда мешавад, ночиз буда камбизоатӣ ва усулҳои кӯҳнашудаи табобатӣ боиси он мегардад, ки аскар вақт волидайн аз тарбияи кӯдакони маълули худ даст мекашанд ва онҳоро ба муассисаи махсус месупоранд. Дар ин замина Юкие Мокуо раҳбари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон мегӯяд:

«Пажӯҳишҳои мо нишон доданд, кӯдакони маълуле, ки дар муассисаҳои пӯшида қарор доранд ва аз ҷомеа дар каноранд, наметавонанд, ҳамчун инсони комил рушд кунанд. Ин кӯдакон пеш аз ҳама ҳуқуқи дар муҳити солими оилавӣ тарбият гирифтанро доранд.»

Галина Деревенчинко мегӯяд, тавассути ин гузориш онҳо хостаанд, бевосита таваҷҷӯҳи ҳукуматро ба мушкилоти ҳуқуқие, ки ҳанӯз ҳам дар ҷомеа ҷой дорад, ҷалб созанд. Гуфта мешавад, барои инъикоси воқеии вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз ҷониби ҳамин созмони ҳуқуқӣ моҳе як маротиба чунин гузориш нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG