Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарварони ҷиҳодӣ дар камиссиюнҳои парлумони Афғонистон


Раёсати аксари камиссиюнҳои Маҷлиси намояндагони Афғонистонро чеҳраҳои ҷиҳодии ин кишвар соҳиб шуданд. Юнуси Қонунӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон гуфт, 18 камиссиюни парлумон бар асоси интихоботи озод, шаффоф, демократӣ ва аз сӯи худи намояндагони мардум рӯи кор омад. Аз 18 райиси камиссиюн 9 мақом ба сарварони умдаи ҷиҳодии Афғонистон, минҷумла Абураб Расули Сайёф, Бурҳониддини Раббонӣ ва Ҳоҷӣ Муҳаммади Муҳаққиқ расидааст. Се тан аз ҷумлаи коммунистони пешин ва шаш тани дигар намояндагони мустақил буда, се зан низ ба раёсати камиссиюнҳо интихоб шуданд. Юнуси Қонунӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон гуфт, овозаҳо дар мавриди тақсими курсиҳои раёсати камисиюнҳои парлумон миёни афроди саршиноси парлумон асос надошта, ҳамагӣ бар асоси раъйдиҳии озод интихоб шудаанд.
Фарҳоди Милод, Кобул
XS
SM
MD
LG