Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди хонум Райс аз Ховари Миёна


Кондолиза Райс-вазири хориҷаи Амрико барои боздид аз кишварҳои Ховари Миёна озими минтақа шуд. Вай дар ҷараёни ин боздид то 24-уми феврал аз Миср, Арабистони Саъудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб боздид мекунад. Вай бо раҳбарони кишварҳои минтақа доираи васеъи масъалаҳоро роҷеъ ба ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ хоҳад кард. Баррасии барномаҳои ҳастаии Ирон, вазъи сиёсии Ироқ ва вазъ дар сарзаминҳои Фаластин баъд аз пирузии Ҳамас дар интихоботи порламонӣ аз масоили дигари гуфтугуҳои Кондолиза Райс хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG