Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Файзинисо Воҳидова оғоз ёфт


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд субҳи душанбеи 20 феврал ба баррасии парвандаи Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси мустақили Суғд ва як узви шинохтаи ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон, ки барои истифода аз дипломи қалбакӣ айбдор мешавад, шурӯъ кард. Абдувосит Ашӯров - додраси додгоҳи Хуҷанд, раиси мурофиаи парванда эълон дошт, ки аз ҷониби додгоҳ алайҳи Файзинисо Воҳидова мутобиқи се банди асноди ҷиноии Тоҷикистон - истифода аз дипломи сохтаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Маскав ва расонидани зарари молӣ ба афрод бо роҳи фиреб ва сӯъиистифода аз мақоми хидматӣ айбнома пешниҳод шудааст. Хонум Воҳидова дар оғози рӯзи аввали мурофиаи парвандааш гуфт, ки айбҳои аз сӯи додгоҳ пешниҳодшударо қисман эътироф мекунад. Дар ҳамин ҳол вай бо вакилони мудофеъаш бо як дархости расмӣ аз додгоҳи Хуҷанд тақозо кардаанд, бо назардошти чанд далел бо ҳукми худ Воҳидоваро сафед ва аз толори мурофиа озод кунад. Бахтиёр Насруллоев - вакили дифоъи хонум Воҳидова мегӯяд: «Мақомоти тафтишот нисбат ба Воҳидова мувофиқи банди 210 Қонуни ҷиноии Тоҷикистон аз соли 1961 (истифода аз дипломи қалбакӣ) айб пешниҳод кардааст. Мо ба ин розӣ нашуда, аз додгоҳ хоҳиш кардем дар ҷаласаи амрсодиркунии худ бинобар гузаштани мӯҳлати ҷазо бояд ин банд аз парвандаи вай хориҷ карда шавад. Дар мавриди банди 340 (истифода аз дипломи қалбакӣ тибқи таҳрири нави асноди ҷиноӣ) аллакай Воҳидова Файзинисо бо амри коллегияи адвокатҳои ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифа (дар бахши ҳамин коллегия дар Хуҷанд) рафтааст, бинобар ин бо дарназардошти ин тибқи банди 74 асноди ҷиноии Тоҷикистон бояд аз ҷавобгарии ҷиноӣ бо ин банд озод карда шавад.»

Файзинисо Воҳидова дар ибтидои моҳи октябри соли гузашта ба гумони ин ки дипломи ӯ аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскави Русия қалбакӣ мебошад, боздошт шуда буд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG