Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо 65 кило маводи мухаддир


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар натиҷаи як амалиёти муштарак бо марзбонони Тоҷикистон дар қитъаи марзии Фархори марз бо Афғонистон аз як кӯшиши убури ғайриқонунии марз аз сӯи чанд қочоқбари афғон пешгирӣ шудааст. Ин манбаъ мегӯяд, дар пайи задухӯрди мусаллаҳона як шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо зиёда аз 65 кило маводи мухаддир боздошт шудааст.
Дар ҳамин ҳол, аз дафтари матбуоти Ожонси назорат бар маводи мухаддири назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ хабар доданд, ки зимни мулоқоти раиси ин ожонс Рустам Назаров бо сафири Афғонистон дар шаҳри Душанбе Саидмуҳаммади Хайрхоҳ масоили муборизаи муштарак бо гардиши маводи мухаддир баррасӣ шудаанд. Зимни дидор гуфта шуд, ки танҳо дар соли гузашта дар натиҷаи амалиёти муштараки кормандони Ожонси мазкур ва вазорати дохилаи Афғонистон ҳудуди 600 кило ҳероин мусодира ва се корхонаи тавлидкунандаи ҳероин маҳв шудааст. Бобоҷони Шафеъ, корманди дафтари матбуоти Ожонси назорат бар маводди мухаддир мегӯяд, "дар ин замина як тавофуқ ҳам ҳосил шуд, ки мутахассисони Ожонсӣ дар Афғонистон бахшҳои омӯзишӣ доир кунанд ва мақомоти зирабти Афғонистон ҳам барои такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ ба Тоҷикистон даъват шаванд."
Бино бар иттилоъи коршиносони тоҷик, дар соли ҷорӣ Афғонистон метавонад аз ҳосили заминҳои кишти маводи мухаддир то 420 тонна ҳероин истеҳсол кунад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG