Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори кори Русия ва Тоҷикистонро чӣ шуд?


аммо Пешниҳоди Тоҷикистон пазируфта шуд Анвар Бобоев, раиси Хадамоти давлатии муҳоҷирати Тоҷикистон хабар дод, ки тарҳи таъсиси Биржаи кор дар миёни Русия ва Тоҷикистон, ки яке аз пешниҳодҳои Тоҷикистон дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё буд, беэътибор эълон шудааст.

Ҳайъати Тоҷикистон ин пешниҳодро дар нишасти охири Санкт-Петербург дар охири моҳи январи соли равон ба миён гузошта буд ва тарафи Русия ба баррасии он ризоият дода буд. Аммо, мегӯяд ҷаноби Бобоев, дар дидори вазири кор ва таъмини иҷтимоии Тоҷикистон Зокир Вазиров бо ҳайъати Шӯрои Федерсиюни Русия тасмим гирифта шуд, чунин бозори шуғл на дар миёни Тоҷикистону Русия, балки дар чаҳорчуби Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё таъсис ёбад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ин таҳияи ин тарҳ шурӯъ шудааст. Аммо нозирони маҳаллӣ мегӯянд, тарҳи омодаи байни Русия ва Тоҷикистон беҳтар буд, зеро тарҳи нав ба тасдиқу тасвиби ҳамаи кишварҳои узви иттиҳоди АвруОсиё бастагӣ хоҳад дошт, ки усулан вақти бештареро дар бар мегирад. Ба ғайри аз Тоҷикистону Русия ҳамчунин Беларус, Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё узвият доранд. Ин ниҳод дар соли 2000 таъсис ёфта, Ӯзбакистон 25-уми январи соли равон ба узвияти он пазируфта шуд.
XS
SM
MD
LG