Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав ва қарзҳои хориҷии Тоҷикистон


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, ки дар ҷаласаи давлаташ натоиҷи нишасти вузарои дороии 8 кишвари аз лиҳози саноатӣ пешрафтаи ҷаҳон мавсум ба гурӯҳи Ҷи 8-ро баррасӣ мекард, гуфт, Маскав мехоҳад як бахши умдаи манобеъи махсуси мубориза бо фақр, ки ҷаҳон дар ихтиёр дорад, ба кишварҳои фақиртари шӯравии собиқ дода шавад. Гурӯҳи Ҷи- 8 Амрикову Канада, Бритониёву Олмону Фаронса, Итолиёву Ҷопон ва Русияро дар бар мегирад ва Русия таври маълум имсол раёсати давраии ин созмонро бар ӯҳда дорад. Владимир Путин гуфт, бар асоси меъёрҳои зеҳнӣ бисёри ин кишварҳо бояд дар феҳрасти кишварҳои фақиртарин ҷаҳон дароварда шаванд.

Вазири дороии Русия Алексей Кудрин ба навбаи худ гуфт, Русия мавзӯъро ҳамин гуна гузошта ва алакай ба дастовардҳое ҳам дар ин роҳ ноил шудааст. Оқои Кудрин дар ин робита дар баробари Камбоҷа ба феҳрасти кишварҳои фақиртарин шомил шудани исми Тоҷикистонро мисол овард. Вазири дороии Русия гуфт, исми Тоҷикистонро ҳам акнун шомили барномае кардаанд, ки бар асоси он бояд қарзи кишварҳои фақиртарин бахшида шавад.

Дар пайи вурудаш ба ин феҳраст ба Душанбе муяссар шуд тавофуқи Сандуқи Байналмилалии пул дар бораи бахшидани ҳудуди 100 миллион доллар қарзи Тоҷикистонро ба даст оварад.Чунин пешниҳод ба Бонки Ҷаҳонӣ ҳам шудааст, вале Бонки Ҷаҳонӣ дар ду ҳафтаи пеш хабарҳо дар бораи ба кадом як қарори мусбат расиданаш дар ин мавридро радд кард. Вазорати дороии Тоҷикистон қарзи хориҷии кишварро дар ҳоли ҳозир 894 миллион доллар ҳисооб кардааст.
XS
SM
MD
LG