Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон ҷамъомадҳои эътирозӣ аз нашри карикатураҳои пайғамбари дини Исломро манъ кард.


Полиси Покистон 125 нафарро бо ҷурми ширкат дар гирдиҳамоии манъшуда ҳабс кард. Гирдиҳамоӣ ба нишони эътироз аз нашри карикатураҳои пайғамбари дини Ислом дар нашрияи даниявӣ доир шуда буд.
Бар замми он полиси шаҳри шарқии Мултан ба раҳбари ифротгарои исломӣ Ҳафиз Муҳаммад Сайид дастур дод, аз хонааш берун нашавад.
Дар шаҳри ҷанубии Карочӣ полис бо истифода аз гази ашковар наздик ба 2000 эътирозгарро пароканда кард.
Рӯзҳои ахир эътироз аз нашри карикатураҳои пайғамбари Ислом бо хушунат анҷом пазируфт ва аз ин рӯ полиси Покистон амр гирифтааст, ки ташкилкунандагони гирдиҳамоиҳоро таъқиб намояд.
Мақомоти Покистон дар ташвишанд, ки миёни эътирозгарон эҳсоси зиддиҳукуматӣ афзоиш меёбад.
Имрӯз дар шаҳри Ҳонг Конг ҳам ҳазорҳо пайрави дини Ислом бар зидди карикатураҳо раҳпаймоӣ карданд.
XS
SM
MD
LG