Басир худ аз Афғонистон будааст ва ҳоло дар Канада зиндагӣ мекунад. Пурсидем, ки ба фарқ аз Афғонистон ва Эрон сомонаи интернетии мо ба хатти русӣ нашр мешавад, оё ӯ метавонад ин хатро бихонад. Гуфт, бале, метавонад, зеро даҳ сол дар Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе зистааст ва ин хатро медонад. Басир дар бораи зиндагияш дар Душанбе бо меҳру ихлос ва сипоси беҳад сӯҳбат мекард ва мегуфт, ҳарчанд муҳоҷирон кишварҳои ғарбиро барои вазъи хуби иҷтимоӣ мақбул медонанд, вай ҳоло худро дар Канада муҳоҷир мешуморад, дар ҳоле ки дар Тоҷикистон эҳсоси бегонагӣ ва муҳоҷират намекард. Ба фикри вай, дар ин маврид на танҳо забону фарҳанги ҳамсон сабаб шудааст, балки муносибати мардуми Тоҷикистон низ мояи аслист, зеро ӯро бегона намешумурданд. Басир дар паҳлуи номи тоҷикон вожаи "шариф"-ро мегузорад ва "Мардуми шарифи Тоҷикистон" мегӯяд. Вай ҳамроҳи хонаводааш ба Канада кӯчидааст, аммо бо ёди Тоҷикистон ба сар мебарад ва падараш, ки дар маҳаллаи 46-и шаҳри Душанбе коргоҳи тармими автомобилҳои хориҷииро боз карда буд, ҳоло дубора ба Душанбе баргаштааст.
Басир мухлиси овозхони тоҷик Сироҷиддини Фозил мебошад ва аз хабари нашри албоми нави Сироҷиддин изҳори шодмонӣ карда, мехоҳад дар яке аз барномаҳои ояндаи мо таронаҳои нави ӯро бишнавад.
Басир мухлиси овозхони тоҷик Сироҷиддини Фозил мебошад ва аз хабари нашри албоми нави Сироҷиддин изҳори шодмонӣ карда, мехоҳад дар яке аз барномаҳои ояндаи мо таронаҳои нави ӯро бишнавад.
Муаллима босавод будаст,ки дар муассиса кору фаъолият дорад . Депутатхои хозира хатто ,точикира гап зада сухан талафуз карда наметавонад. Бинед ,ки талабаи муаллима холу ахволи муаллимара навиштаст . Худо нигахбон бошад . Аз даргохи худованд баракат ба касбу кор . Устодон омузгорон саломат бошед.
Аз назаре ки Шумо ки бад бини нистаби ИМА ва кишварҳои ғарбӣ инҷо баён кардед бар меояд ки Шумо таҳлилгар аз Кремлин ё ин ки зери таъсири пропаҳандаи кремлин қарор гирифтаед.
Саломат бошед ман як хонандаи синфи хаштум вакте муаллима гиря дошт хамин хел навиштам лекин хондам бечора муаллимара суханхои бад навиштанд худо нигох бон бошад муаллимаи азазам..
Ингуна беадолатиро дар хурдиям дар филмҳои ҳиндӣ дида будам. Имрӯз бошад дар ҳаёти воқеӣ.
Хонандагони гиромӣ! Маъзарат, ки андешаҳоямро пурра баён карда натавонистам. Бо вуҷуди он ки сӯҳбаторо пофишорӣ мекарданд нафаре ё ниҳодеро гунаҳкор хонам, масъала фарогир асту ин роҳи ҳал нест. Ҳамин сӯҳбат сабаб шуд, ки андешаҳоямро сари ин мушкилӣ нависам. Аз ин рӯ миннатдорам аз акаи Мирзонабӣ ва Радиои Озодӣ барои имкони баррасии ҳамин мушкилӣ. Шакли пурраи андешаҳоямро ин ҷо овардаам: https://www.facebook.com/asomiddin/posts/10158623081473153?__cft__[0]=AZX-vq_4I2xprkGNMmpyeBhNbQULnGwfggqtRRqYRv-Ol44w6-GTtiVE4KRF_pHWy0ySqh_Djw6oV-LKES-kv8oNMb06kFSO6F8nCKUtm85QAHLeZ1eSPCwWDSRkV26adOg&__tn__=-UK-R]-R