Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳарфе, ки занро сӯи оташ мебарад


Аз ин миён шаш зан ҷони худро аз даст додаанд. Зебо Қодирова, равоншинос, намояндаи маркази бӯҳроншиносии назди беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сӯхта дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, мутаасифона, ҳодисаҳои худкушӣ ва мавриди лату кӯб қарор гирифтани занҳо дар кишвар густариш ёфтааст. Вай мегӯяд, дар ду соли ахир беш аз 300 бемор аз пойтахт ва навоҳии мухталифи кишвар ба ин беморхона оварда шудаанд, ки 90 дар сади онҳоро занҳои то 30 сола ташкил медодаанд.

«Солҳои ахир чунин ҳодисаҳо зиёд шудааст. Аксари ин занҳо баъди ба худ омадан аз кардаашон пушаймон мешаванд, аммо хеле дер шудааст ва онҳо маъюби якумрӣ мешаванд.»

Дар ҳамин ҳол, Раъно Муборова, намояндаи лигаи миллии занҳои ҳуқушиноси Тоҷикистон мегӯяд, 80 % хушунати хонаводагӣ нисбат ба занон, ки аз ҷониби лигаи мазбур ба қайд гирифта шудааст, дар оилаҳои камбизоат ва муҳоҷирони корӣ ба амал омадааст.

«Занҳое, ки дар оилаҳои камбизоат зиндагӣ мекунанд, донишу маълумот надоранд, пурра аз шавҳаронашон вобастаанд. Онҳо фикр мекунанд, ки бе шавҳарашон ягон кор карда наметавонанд ва дар сурати аз онҳо ҷудо шудан бештари вақт даст ба худкушӣ мезананд.»

Робия Тағоева, як сокини Душанбе мегӯяд, шавҳараш шаш моҳи пеш ба Русия рафтааст, аммо хешу табори шавҳараш ӯро бо се фарзанди хурдсолаш хостаанд, аз манзил биронанд. Ҳангоме хонум Робия розӣ нашудааст, ки манзилашро тарк кунад, бародари шавҳар ӯро лату кӯб кардааст, дар натиҷа вай ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.

«Ман вақте аз бародари шавҳарам пурсидам, ки чаро додараш ба мо пул намефиристад ва ҳатто як бор телефон намекунад, вай хеста маро зад.»

Коршиносони масоили иҷтимоӣ бар ин назаранд, ки дар натиҷаи муноқишаҳои хонводагӣ ва ҳамсоягӣ ки дар кишвар рух медиҳад, бештар занон ва кӯдакон осеби ҷисмонӣ ва равонӣ дида ҳатто ба ҳалокат мерасанд. Тибқи як тадқиқоти дафтари минтақавии бунёди занони СММ, ки дар 20 ноҳияи Тоҷикистон сурат гирифтааст, дар соли 2004, беш аз 90 % занони аз 16 то 40 сола, ҳадди аққал як бор мавриди хушунат ва лату кӯби шавҳар ва дигар аъзои хонаводаашон қарор гирифтаанд. Тибқи омори расмӣ, дар ду соли ахир беш аз 300 зан бар асари хушунат қасд ба ҷони худ карда ҷароҳатҳои мухталиф бардоштаанд ва аз ин миён, ҳудуди 30 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Созмонҳои ҷамъиятии фаъъол дар масоили занон, мегӯянд, ин рақам шояд ба маротиб зиёд бошад, зеро дар аксар маворид, ҳаводиси маргу мир ва маъюб шудани занон ба асари хушунати хонаводагӣ аз ҷониби хешу табори онҳо махфӣ нигоҳ дошта мешавад.
XS
SM
MD
LG