Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ҳайати парлумонии Русия ба Тоҷикистон


Вадим Густов, раҳбари ҳайати эъзомии парлумони Русия рӯзи сешанбе, 14 феврал ба дунболи дидор ва мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, тасвиби созишномаи мазкур имкон медиҳад, равобити тарафайн миёни палатаҳои болоии парлумони ду кишвар минбаъд тавсеа ёбад. Зимни мулоқоти раҳбари ҳайати парлумонии Русия бо раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин масъалаи сармоягузории сохтмони нерӯгоҳи Сангтуда-1 барои соли 2007 мавриди барррасӣ қарор гирифтааст. Бино ба иттилои ҷаноби Густов, бунёди нерӯгоҳи оби барқии Сангтуда -1 аз ҳисоби маблағи буҷаи давлати Русия таъмин хоҳад шуд. Раҳбари ҳайати парлумонии Русия афзуд, қарор аст раванди таҳияи буҷаи ин кишвар барои соли 2007 моҳи марти соли ҷорӣ шурӯъ шавад. Ҷаноби Густов ҳамчунин ишора намуд, ки қарор аст дар соли 2007 аз ҳисоби буҷаи давлати Русия барои сохтмони нерӯгоҳи Сангтуда-1 ҳудуди 50-60 миллион доллари амрикойӣ ҷудо гардад. Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон, ҳайати эъзомии парлумонии ин кишвар баъд аз зуҳри рӯзи сешанбеи 14 феврал бо ҳадафи ошноӣ бо раванди сохтмон озими маҳалли эҳдоси нерӯгоҳи оби барқии Сангтуда-1 шудааст.
Неругоҳи Сангтуда-1, ки дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе воқеъ мебошад, қарор аст умдатан бо сармоягузории ҷониби Русия бунёд гардад. Ҷониби Русия қасд дорад барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ куллан беш аз 500 миллион доллари амрикойӣ маблағгузорӣ намояд. Ин дар ҳолест, ки назар ба арзёбии мутахассион, Русия то кунун барои пешбурди умури сохтмонии ин нерӯгоҳ ба таври қобили мулоҳиза сармоягузорӣ накардааст. Гуфта мешавад, ин кишвар изҳори омодагӣ кардааст, ки дар соли равон бо ҳадафи афзоиши маблағи ибтидоии сохтмон, яъне фонди ойинномавии он наздик ба 100 миллион доллари амрикойӣ ихтисос диҳад.
XS
SM
MD
LG