Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти дуввуми CSKA-и Душанбе


CSKA пас аз мағлубият дар аввалин даври мусобиқот аз тими мизбон -- «Небитчӣ»-и Балканобод, барандаи ҷоизаи биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Туркманистон дар соли 2005 бо натиҷаи 0 бар 2, дар даври дувум бо МТТУ -и Ишқобод -- тими Донишгоҳи байналмилалии Туркманистону Туркия зӯрозмоӣ кард. Дар ин бозӣ низ дастаи мизбон - МТТУ, қаҳрамони Туркманистон бо натиҷаи 2 бар 0 пирӯз гашт. Тими Вазорати дифои Тоҷикистон новобаста аз натиҷаи бозии охирини худ дар гурӯҳи «А» бо «Трактор»-и Тошканд, ки рӯзи чоршанбеи 15 феврал баргузор мешавад, аз ҳуқуқи идомаи мубориза барои дарёфти ҷоизаҳои мусобиқот маҳрум шуд.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи «А» МТТУ бо шаш имтиёз мақоми аввал, «Небитчӣ» бо чаҳор имтиёз мақоми дувум, «Трактор» бо як имтиёз мақоми севум ва CSKA бидуни имтиёз мақоми охирин - чаҳорумро ишғол мекунанд. Ғолиби ин гурӯҳ дар бозӣ миёни ду дастаи мизбон - МТТУ ва «Небитчӣ» 15 феврал муайян хоҳад шуд.

Дар гурӯҳи «Б» баъди ҷамъбасти аввалин даври мусобиқот «Дачия»-и Кишинёви Молдова бо се имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад. «Ворскла»-и Полтаваи Украина ва «Персполис-Хуросон»-и Машҳади Эрон якимтиёзӣ ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG