Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба муколама


Дабири кулли Созмони милали муттаҳид Кофӣ Анон барои фурӯ нишондани ташаннуҷ пиромуни тасвирҳои танзомези паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад, ҳамагонро ба муколама даъват намуд. Вай гуфт, ҳоло дар ин ҷо "дипломатияи баландгӯяку тазоҳурот" ҳоким аст, вале фурсати он расидааст, ки ором бо ҳамдигар сӯҳбат кард. Анон корикотурҳоро маҳкум кард ва онҳоро "касоду зишт" номид, аммо ҳамзамон вокунишҳои хушунатомезро дар бархе аз кишварҳои мусулмон низ танқид кард. Дабири кулли СММ ғазаби марбут ба корикотурҳоро дар матни фарохтар гузошт ва гуфт, ин натиҷаи шиддатест, ки сар аз рӯйдодҳои 11-уми сентябри соли 2001, ҳамлаҳо ба Иёлоти Муттаҳида дар сартосари ҷаҳон рӯ ба афзойиш аст.
XS
SM
MD
LG