Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 назар ба 1 дастовард


Тафовути дидгоҳҳо ба пирӯзиҳои варзишӣ Ҷопониҳо ва амрикоиҳо ғалабаҳои варзиширо ба таври комилан гуногун шарҳ медодаанд.

Маҷаллаи "Равоншиносӣ"-и чопи Амрико натиҷаҳои як пажӯҳишро нашр кард, ки тибқи он нигоҳи намояндагони фарҳангҳои мухталиф ба айни як дастоварди варзишӣ метавонад, аз ҳам ба куллӣ фарқ кунад. Чунончи, ҳангоми қаламдоди пирӯзии варзишгарон дар мусобиқаҳо шореҳони варзиши Иёлоти Муттаҳида пеш аз ҳама ба сифатҳои ҷисмонӣ ва ахлоқии ғолибон таваҷҷӯҳ мекунанд. Ҳамчунин ба хислату одатҳо ва шуғлҳои ғайрикасбии ӯ. Дар ҳамин ҳол ҷопониҳо ба он диққат медиҳанд, ки оё варзишгар чӣ гуна ва чӣ муддат ба ин сабқат омодагӣ дид ва саҳми мураббиёни ӯ дар ин пирӯзӣ аз чӣ иборат буд. Амрикоиҳо ба хислатҳои мусбат ва шахсияти варзишкор эътибор медиҳанд, аммо ҷопониҳо ба пайравии ӯ аз суннату таҷриба ва дараҷаи заҳматдӯстияш. Ва то андозае амрикоиҳо ғалабаро дастоварди хусусии варзишгар мешуморанд, вале ҷопониҳо онро ба ҷомеъа ва ҳамкасбони ӯ. Чунин муносибати гуногун на танҳо аз тарафи шореҳону варзишгарон, балки афроди оддӣ низ ба мушоҳида расидааст.
XS
SM
MD
LG