Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар саҳнаи Ховари Миёна


Вазири дифоъи Русия Сергей Иванов гуфт, кишвараш гуфтушунид бо намояндагони созмони Ҳамосро барои шинохти расмии Исроил аз тарафи ин ниҳод ва пуштибонӣ аз раванди сулҳи Ховари Миёна истифода хоҳад кард.
Изҳороти Иванов дар ҳоле садо дод, ки Иёлоти Муттаҳида хостори рӯшанӣ дар масъалаи даъвати сарони Ҳамос ба Маскав аз тарафи раҳбарияти Русия шудааст. Президенти Русия Владимир Путин дар давоми сафари расмияш ба Испониё, рӯзи панҷшанбеи 9-уми феврал гуфт, кишвараш Ҳамосро созмони террористӣ намешуморад ва мақсад дорад, намояндагони расмии онро барои як гуфтушунид ба Маскав даъват кунад. Дар ҷавоб, сарони Ҳамос гуфтанд, ин даъватро бо хушӣ мепазиранд. Аз сӯи дигар Исроил тасмими Маскавро "ханҷаре ба тахтапушти худ" номид ва гуфт, ин даъват ба як гурӯҳи террористӣ қонуният ато мекунад. Созмони ситезаҷӯйи фаластинии Ҳамос дар интихоботи 25-уми январ пирӯзии назаррас ба даст оварда, аз 132 курсии порлумони Фаластин 74 курсиро ишғол кард ва ҳоло дар садади ташкили ҳукумати нави Фаластини худгарон мебошад. Аммо оё ин ҳаракати Русия ва он ҳам дар ҳоле ки сиёсатҳои ҷаноби Путин дар баробари ҷомеаи шаҳрвандӣ, равобит бо Украину Гурҷистон ва бозгашт ба Осиёи Марказӣ, ҳуқуқи башар, назорати қатъӣ ба иқтисодиёт ва чизҳои монанди ин аз тарафи Амрико ва Аврупо танқид мешаванд, чӣ маънӣ дорад ва аз куҷо маншаъ мегирад? Ба ин саволи мо, коршиноси умури Ховари Миёна ва шореҳи меҳмони радиои Озодӣ, Алиризои Нуризода чунин посух дод:
"Аввалан Русия яке аз аъзои Чоргонаи Ховари Миёна -- Созмони милали Муттаҳид, Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳодияи Аврупо ва Русия -- мебошад. Ва пас аз пирӯзии Ҳамос дар интихобот, ҳадди ақал ду узви ин ниҳод -- Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо худро дар вазъе дарёфтанд, ки омода нестанд, бо гурӯҳи Ҳамос вориди музокира шаванд. Русия бо дарназардошти равобити суннатии Иттиҳоди шӯравӣ бо аксари кишварҳои араб, муносибатҳои вижааш бо фаластиниҳо ва ҳам равобити хубаш бо Исроил ба сабаби наздик ба 2 миллион шаҳрванди шӯравитабори ин кишвар, фурсатро ғанимат дид, ки ба саҳна барояд ва ҳам аз нақши худ ёдовар шаваду ҳам агар тавонад, Ҳамосро ба шинохти расмии Исроил ва табдили забони ҳамлаҳои интиҳорӣ ба забони сиёсӣ водор кунад."
Дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносони дигар ҳадс мезананд, ки Русия аз ин шароити нав метавонад, дар тиҷорати сиёсӣ дар умури байнулмилал яке аз ҳадафҳои худро пеш ронад. Чунончи, ширкаташро дар барномаи ҳаставии Эрон ва ҳам қарордоди нави фурӯши силоҳро ба ин кишвар, ки боиси ташвиши Исроил ва Иёлоти Муттаҳида шудааст.
XS
SM
MD
LG