Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои нави IMF ба сиёсати иқтисодии Тоҷикистон


Шӯрои иҷрояи Сандуқи Байналмилалии Пул баъд аз арзёбии сеюм ва ниҳоии сиёсати ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Барномаи сесолаи коҳиши камбизотӣ дар Тоҷикистон дар се рӯзи пеш 7 феврал ризоият додааст, то ки барои ин кишвар 14,1 миллион доллар қарз ҷудо шавад. Барномаи сесолаи коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон, ки таввасути Сандуқи Байналмилалии Пул сармоягузорӣ мешавад, соли 2002 таввасути ин созмони молӣ тасвиб шуда буд.
Дар чаҳорчӯби он Тоҷикистон барои мубориза бо фақр ва ислоҳоти иқтисодӣ аз Сандуқи Байналмилалии 80 миллион доллар қарз гирифтааст.
Шӯрои иҷрои Сандуқи Байналмилалии Пул баъд аз арзёбии ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, бо вуҷуди таъсири манфии болоравии қиммати энержӣ ва ҷамъоварии ҳосили ками пахта дар Тоҷикистон, ин кишвар ба нишондодҳои хуби макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодӣ даст ёфтааст. Сандуқи Байналмилалии Пул мегӯяд, сатҳи тавваруми пули миллии сомонӣ нисбатан поён буд ва маҷмӯи тавлидоти дохилӣ боло рафт.
Мусоҳиба бо намояндаи Сандуқи Байналмилалии Пул
Тоҳири Сафар, Прага
XS
SM
MD
LG