Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯистифода аз моҷарои карикотурҳо


Рӯзи панҷшанбеи 9-уми феврал ба ноиб-президенти Эрон Исфандиёр Раҳим Машшоӣ зарур омад, чунин иттиҳомро рад кунад. Иёлоти Муттаҳида Эрон ва Сурияро ба сӯистифода аз хашми мардум ва ангезиши ҳадафмандонаи рӯҳияи зиддиғарбӣ айбдор кард. Сарвазирони Испониё ва Туркия дар як мақолаи муштарак дар "Интернешнл Ҳералд Трибюн" изҳори нигаронӣ карданд, ки моҷарои корикотурҳо манбаъи илҳоми тундравони ҳарду тараф гаштааст ва ҳукуматҳои ҷаҳон набояд ба ин роҳ диҳанд. Хабаргузориҳо мегӯянд, моҷарои тасвирҳои танзомез дар Афғонистон аз тарафи Толибон ва шабакаи Ал Қойида мавриди сӯистифода қарор гирифтаанд. Дар ин ҷо аз мардум даъват шуд, ба пойгоҳҳои ҳарбии НАТО ҳамла кунанд ва дар натиҷаи нооромиҳо 11 нафар кушта, даҳҳо нафар маҷрӯҳ шудааст. Дар ҳамин ҳол як нашрияи кӯчабоғии Фаронса аз нав ҳамаи тасвирҳоро ба нашр расонд ва шабакаҳои телевизионӣ нишон доданд, ки дар идораи ин нашрияҳо тасвирҳои мазкур ба деворҳо овехта шудаанд. Тибқи як хабари дигар сардабири нашрияи даниягии "Йилландс-Постен" Карстен Юст, ки аввалин шуда тасвирҳои танзомези паёмбари исломро нашр кард, гуфтааст, ба ҳеҷ ваҷҳ ва таҳти ҳеҷ шароите тавсирҳои танзомези зидди Ҳолокостро, ки нашрияи эронии "Ҳамшаҳрӣ" озмунашро эълон кардааст, ба чоп нахоҳад расонд. Нашрияи эронии "Ҳамшаҳрӣ" озмуни корикотурҳоеро эълон кардааст, ки бояд қатли оми яҳудиёнро дар Ҷанги ҷаҳонии дуюм мавриди тамасхур қарор диҳад. Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ҳақиқати ин қатлиомро рад мекунад ва хостори нобудии Исроил аз харитаи ҷаҳон аст. Аммо бархе аз чеҳраҳои фарҳангии Эрон гуфтаанд, набояд ба бадбахтии инсонҳо хандид ва худро бо онҳое баробар кард, ки бо як бемасъулиятӣ сабабгори чунин иғвои ҷаҳонӣ шуданд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG