Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳкими назорати беҳдоштӣ дар марзҳои Тоҷикистон


Мақомоти байтории Тоҷикистон дар гузаргоҳҳои марзӣ ба Афғонистон умури беҳдоштиву назоратиро барои ҷилавгирӣ аз интиқоли бемории зукоми мурғӣ ба дохили кишвар тақвият бахшидаанд. Ваҳҳоб Салоҳов, масъули раёсати байтории вилояти Хатлон ба радиои Озодӣ гуфт, бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз интиқол ва вуруди гушти мурғи сироятёфта ба қаламрави кишвар, дар гузаргоҳҳои марзии навоҳии Шӯробод ва Ҳамадониву Фархор нуқоти тафтишоти беҳдоштӣ ё карантина таъсис ёфт. Вай гуфт, кормандони мақомоти байторӣ дар ҳамоҳангӣ бо марзбонон вуруди маҳсулотро тариқи гузаргоҳҳо зери назорат қарор додаанд. Ҳамчунин, мақомоти байторӣ ба манзури роҳ надодан ба фурӯши гушти мурғе, ки эҳтимолан аз кишварҳои дорои зукоми мурғӣ ворид шудааст, иқдомоти бозрасиву назоратиро дар дохили бозору фурӯшгоҳҳои вилояти Хатлон афзоиш додаанд. Гуфта мешавад, то кунун мавориди эҳтимолии олуда будани гушти мурғ ба вируси зукоми мурғӣ дар қаламрави вилоят ошкор нашудааст. Тоҷикистон ахиран дар пайи бурузи бемории зукоми мурғӣ дар бархе аз кишварҳо, ба хусус Туркия, назорат бар вуруди гушти мурғ аз хориҷ ба кишварро тақвият бахшидааст. Вале то кунун дар ин кишвар мавориди интиқоли гушти мурғи олуда ба қайд гирифта нашудааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG