Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафтаи мудҳиши муҳоҷирони тоҷик


Тайи ҳафт рӯзи ахир дар пайи ду оташсӯзӣ дар вилояти Маскави Русия 12 нафар муҳоҷирони кори Тоҷикистон бо шумули як кӯдаки 12-сола ҷони худро аз даст додаанд ва як тани дигар дар бемористон таҳти табобат қарор дорад.
Ба гуфтаи Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳардуи ин оташсӯзӣ дар минтақаи анбори меваҷоти шаҳри Долгопруди вилояти Маскав рух додааст.
Дар ҳамин ҳол намояндаи додситонии вилояти Маскав Елена Рассохина дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар робита ба оташсӯзӣ, дар шаҳри Дологпрудний, ки мӯҷиби ҳалокати одамон шудааст, бо қазияи муносибати беэҳтиётона ба оташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, вале ҳанӯз ҳуввияти кушташудагон мушаххас нашудааст.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG