Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои ҲДТ барои озодии Искандаров


Ҳизби демократии Тоҷикистон аз созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва намояндагиҳои дипломатии муқими кишвар тақозо кард, ки дар озодии раҳбари ҳизб Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз маҳбас мусоадат кунанд. Моҳи октябри соли гузашта сарвари демократҳои Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба 23 соли зиндон маҳкум шуда буд ва додгоҳи таҷдиди назар ҳам ин ҳукмро бетағйир гузошт. Дар муроҷиатномаи раёсати ҳизби мазкур ба унвони ҷомеаи байнулмилалӣ омадааст, ки иттиҳомоти алайҳи Искандаров комилан бепоя буда ва дар муҳокамаи додгоҳӣ низ тасдиқ нашуданд. Раҳматулло Валиев, муовини раиси ҲДТ мегӯяд, аъзои ҳизб ҳабси оқои Искандаровро маҳз ба фаъолияти сиёсияш марбут медонанд ва барои озодии ӯ аз зиндон ба тамоми мақомоти Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, аммо ҳукм ҳамоно бетағйир мондааст:

«Ин амал бори дигар далолат мекунад, ки ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон мустақил нест ва аз он умеди адолат интизор гардидан ба мақсад мувофиқ намеояд. Биноан, мо ҳоло интизор танҳо аз судҳои байналмилалӣ дорем, ки адолатро дар ин қазия барқарор мекунаду раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро, ки беасос дар маҳбас нишастааст, аз асорат озод мекунад. Мо хулосаи суди кассатсиониро интизор будем, ду рӯз қабл ин хулосаи додгоҳро гирифтем ва акнун мо дар арафаи тайёр кардани ҳуҷҷатҳо ва ирсоли онҳо ба Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳастем.»

Раҳматулло Валиев ҳамчунин гуфт, ки вазъи саломатии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар зиндон мӯътадил аст ва замони дар маҳбас буданаш ҳам ба ҳайси раиси ҲДТ боқӣ мемонад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG