Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Русия аз мавқеаш ҳимоят кард


"Ҷониби Русия дар мақтаъи кунунӣ беҳтар аз Эмомалӣ Раҳмонов номзадии дигареро муносиб ба дарёфти мақоми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон намебинад". Ин матлабро Рамазон Абдулатифов, сафири Русия дар Тоҷикистон ба дунболи мулоқоташ бо намояндагони маҳофили театриву ҳунарии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иброз дошт.
Ҷаноби Абдулатифов дар посух ба ин суол, ки оё чунин ибрози назар як навъ мудохила дар умури Тоҷикистон арзёбӣ намешавад, гуфт, ба ин назар мувофиқ нест. Ӯ афзуд, сарфи назар аз ин ки то шурӯъи маъракаи интихоботии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз вақт зиёд аст, мӯътақид аст, ки феълан дар ин кишвар дар баробари Раҳмонов рақиб ва номзади сазовор ба назар намерасад.

Ман қаблан гуфта будам, ки ҷониби Русия имрӯз дар баробари Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии кунунии Тоҷикистон дар ин кишвар номзади баробарвазнеро намебинад. Новобаста аз он ки ӯ номзадии худро дар интихоботи дар пеш истодаи президентӣ мегузорад ва ё на. Агар касе ба ин мувофиқ нест, метавонад ҳамроҳ бо он номзаде, ки шоистатар медонад, ба назди ман биёяд. Ва дуввум ин ки дар ин ҷо ҳеҷ гуна мудохила нест.

Рамазон Абдулатифов ҳамчунин дар мавриди таъсиси Бунёдҳо ва имкони ҷалби созмонҳои ғайридавлатии русӣ ба иқтисоди Тоҷикистон афзуд:

Феълан дар ин самт барномаҳои мушаххас мавҷуд нест, вале ҳоло дар Тоҷикистон равандҳои дохилӣ роҳ афтодаанд ва зарур нест, ки барои ин кор мо бунёдҳои махсус таъсис бидиҳем. Ҳамон 600 ҳазор нафар муҳоҷири кории тоҷик, ки дар Русия ҳастанд, худ як навъ фонди мо ба ҳисоб мераванд.

Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, ин кишвар қасд дорад дар соли равон равобити фарҳангии худро бо Тоҷикистон тақвият бахшад. Ба гуфтаи ӯ, Русия дар ин замина имконоти зиёди истифоданашуда дар ихтиёр дорад. Аз ҷумла, афзуд ӯ, 80 дарсади мутахассисони соҳаи фарҳанг ва театру синамои тоҷик дар Русия таҳсил намудаанд. Ба гуфтаи сафири Русия дар Тоҷикистон, агар аз ин имконоти зеҳнӣ дуруст кор гирифта шавад, равобити илмиву фарҳангии Тоҷикистону Русия ангезаи тоза касб менамояд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG