Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул хостори мадади Исломобод аст


Кобул Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон ҷиҳати музокирот дар масоили амниятии кишвараш ва баррасии истирдоди ҳудудан 150 саркардаи ҳаракати Толибон як сафари расмиро ба Покистон анҷом хоҳад дод.

Раисҷумҳури Афғонистон дар як нишасти матбуотӣ сӯҳбати ахири телефонии худро бо Парвиз Мушарраф, ҳамтои покистониаш дӯстонаву бародарона ва муносибатҳои ду кишварро фавқулодда самимӣ ва нек арзёбӣ кард. Вай афзуд, ноамнии яке аз ин кишварҳо маънои ноамнии кишвари ҳамсояро хоҳад дошт. Оқои Карзай афзуд, гардиши мол миёни Покистону Афғонистон аз мизони 25 миллион доллар дар даврони Толибон ба 1,2 миллиард доллар расидааст, ки ба қавли ӯ "далели манфиати амнияти Афғонистон ба иқтисоди Покистон аст".
Раисҷумҳури Афғонистон гуфт, ӯ бо Парвиз Мушарраф, раисҷумҳури Покистон дар масоили мубориза алайҳи терроризм сӯҳбат хоҳад кард. Ӯ гуфт, Афғонистон ҳамчун кишвари мустақил ва узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳақ ба зиндагии шоиста дорад.
Изҳороти раисҷумҳури Афғонистон дар ҳоле садо медиҳад, ки тайи чор моҳи ахир дар ин кишвар ҳодисаҳои террористӣ афзоиш ёфта, дар шаҳрҳои Афғонистон як силсила тазоҳуроти мардумӣ алайҳи афзоиши ҳаводиси ноамнӣ ва эҳтимоли даст доштани Покистон дар амалиёти ахири террористӣ сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG