Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳмот барои ҳама


Дар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии шаҳри Душанбе оид ба шоҳмот, ки дар толори мактаби шоҳмоти пойтахти Тоҷикистон ҷараён дорад, Фурқат Раҳимов дар рақобатҳо байни мардон ва Лидия Антонова миёни занон пешсаф мебошанд. Фурқат Раҳимов, варзишгари ҷавони шаҳри Душанбе дар ҳафт бозӣ шаш имтиёз ба даст овардааст. Шатранҷбозони маъруфи кишвар Рашид Ҳусейнов ва Сӯҳроб Ҳамдамов бо 5,5 имтиёзӣ мақоми дувуму севумро ишғол мекунанд. Лидия Антонова, шатранҷбози пуртаҷрибаи душанбегӣ дар сабқати занон бар ҳамаи ҳарифони худ дастболо шуда, ҳафт имтиёз ба даст овардааст. Варзишгарони навраси Душанбе Асила Мӯҳтоҷева ва Меҳрангез Раҳматова бо шаш имтиёзӣ дар мақоми дувуму севум қарор доранд. Мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии шоҳмоти шаҳри Душанбе рӯзи ҷумъаи севуми феврал ба поён мерасад. Ёқуб Раҳимов, муовини аввали раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон бо эълони ин хабар ба Радиои Озодӣ афзуд: «Ҳамчунин дар шаҳри Исфара 30 нафар беҳтарин шатранҷбозони вилояти Суғд ба мубориза барои ба даст овардани роҳхатҳо ба мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон, ки 18 феврал дар шаҳри Душанбе оғоз мешавад, шурӯъ карданд. »

ФУТБОЛ: Мусобиқаи анъанавӣ барои дарёфти ҷоизаи ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» бо ширкати 21 даста дар майдони футболи Донишкадаи варзиши Тоҷикистон ҷараён дорад. Дастаи «Қазоқон-1» - и Душанбе, ки дар чаҳор бозии худ пирӯзӣ ба даст овардааст, бо 12 имтиёз дар гурӯҳи «А» дар ҷойи аввал мебошад. Дастаи дигари шаҳри Душанбе -- «Тайга» бо нӯҳ имтиёз аз се бозӣ дар садри ҷадвали гурӯҳи «Б» қарор гирифтааст. Даври чаҳоруми мусобиқа рӯзҳои 4 ва 5 феврал баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG