Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Буш дар бораи сиёсати хориҷии Амрико


Ондре Тулли Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Даблю Буш дар паёми солонаи худ гуфт, дар се соли боқимондаи президентии худ ҷанги зидди террор, ҷанг дар Ироқ ва кӯшишҳои густариши демократияро дар ҷаҳон идома хоҳад дод.

Президенти Иёлоти Муттаҳида гуфт, дӯсту душмани Амрико бояд мутмаъин бошанд, ки Иёлоти Муттаҳида аз кори ҷаҳон канор нахоҳад ҷуст ва ҳаргиз ба нирӯҳои бад худро таслим нахоҳад кард. Буш гуфт, вай ончиро рад мекунад, ки аз нигоҳи ӯ, чизе беш аз роҳати дурӯғини канораҷӯӣ нест.
Сиёсати хориҷӣ ва вокуниши сусти ҳукумати буш ба тӯфони Катрина чизҳое буданд, ки соли 2005-ро барои Буш соли бад карданд. Илова ба ин, кӯшишҳои нашри демократия дар Ховари Миёна натиҷаҳои барои Вашингтон дилнохоҳи пирӯзии Ҳамасро ба бор овард, ки як нирӯи ситезаҷӯй ва харобкор дониста мешавад. Бо вуҷуди он ки Буш аз идомаи сиёсати хориҷии ҳукумати худ ҳарф зад, дар паёми солонаи ӯ, чизи наве дар ин самт ба гӯш нарасид. Пешниҳодҳои нав дар ин паём асосан ба умури дохилии Иёлоти Муттаҳида нигаронида шудаанд.
Ба назари таҳлилгарон худи ҳамин низ баёнгари он аст, ки сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида бетағйир боқӣ мемонад. Устоди улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Кортленди Ню Йорк, профессор Роберт Спитзер мегӯяд, Ироқ ва амният дар баробари ваҳшатафканӣ мафҳумҳое буданд, ки Буш ба худ ва шариконаш дар Ҳизби ҷумҳурихоҳ нисбат дод. Вай мегӯяд, дар ҳоле ки бисёре аз амрикоиҳо нақши ҳукумати Бушро дар ҷанги Ироқ танқид мекунанд, ҳамин шумори амрикоиҳо фаъолияти онро дар таъмини амнияти шаҳрвандони Амрико тавсиф менамоянд, ки дар натиҷа як тавозуни нисбиро ба миён меорад. Ва ин ба ақидаи Спитзер, дар ростои интихоботи порлумонии ИМ дар моҳи ноябр муҳим мебошад: "Сиёсати хориҷӣ ва нигаронии кишвар аз амнияти миллӣ меҳварҳои асосии пирӯзии дубораи ӯ дар интихобот буданд. Эҳтимол, акнун ҷумҳурихоҳон умед доранд, бо ҳамин шиорҳо дар интихоботи Конгресс пирӯз мешаванд. То замоне ки мардуми Амрико аз вазъи амниятӣ нигаронӣ дорад ва то замоне ки ҳис мекунад, Бушу ҳизбаш дар ҳифзи кишвар ва ҷанги зидди террормуваффақанд, ба ҷумҳурихоҳон дар интихоботи тирамоҳӣ мадад хоҳанд кард."
Бархе аз таҳлилгарон пешгӯӣ мекарданд, ки Буш дар паёми солонааш ба сиёсати беруна дахл нахоҳад кард, зеро он мавриди интиқоди мардум аст. Вале Спитзер мегӯяд, баракс, агар ӯ инро ёдовар намешуд, манзараи умумии камбудиҳояш бузургтар намудор мегашт.
XS
SM
MD
LG