Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мактаби нав дар гузари лӯлинишин


Восеъ Ҳукумати иҷроияи ноҳияи Восеъ тасмим гирифт, барои 700 тан аз сокинони лӯлитабори ҷамоати Пахтаобод як мактаби таҳсили ибтидоӣ бунёд кунад.

Раҳмоналӣ Халосов - вакили маҳаллаи лӯлинишин дар ноҳияи Восеъ ба радиои Озодӣ гуфт, қабоили ҷӯгӣ ҳанӯз дар соли 1961 ба ин ноҳия кӯч баста муқимӣ шудаанд ва то пошхӯрди собиқ Шӯравӣ мактаби таълимоти ибтидоӣ барои 4 соли таҳсил доштаанд: «То соли 1993 мактаб доштем, лекин баъди 1993 мактабро вайрон карда гирифта бурданд, яслӣ доштем, барои занҳои пахтачин, яслиро ҳам вайрон карда бурданд.»

Ва аммо Хоҷа Назриев, сармуҳаррири ТВ «Мавҷи Озод» - и Восеъ мегӯяд, бар тибқи иттилоъи расмӣ мактаби мазбурро 12 сол муқаддам худи лӯлиҳо вайрон кардаанд: «Ҳатто мактабро вақте ки вайрон карданд, дар ҷои он барои худашон хонаи истиқомат сохтанд. Ҳукумат баъд барои тадрис ба онҳо ду вагон фиристонид, ки онҳоро ҳам шикастанд»

Мусоҳиби ман меафзояд, қабоили лӯлӣ майл ба тадрис надоранд. Ин дар мавридест, ки худи лӯлиҳо мегӯянд, мехоҳанд, атфоли онҳо хатти савод дошта бошад. Азим Полвонов, сокини дигари маҳаллаи Пахтаобод бар назар аст, ки набуди мактаб ба бесаводии кулли ҷавонони лӯлӣ мусоидат кардааст: «Ман мехоҳам мактаб хонам ва баъдан касе маро дастгирӣ кунад, ба хориҷа рафта таърихи миллати худро, қавми худро омӯзам. Ҳоло мо забони худро ҳатто гум кардаем. То 30 сол муқаддам, забони ҷӯгӣ буд, аммо ҳоло мо онро намедонем.»

Бар тибқи иттилоъи Ғаффур Султонов, раиси шӯъбаи маорифи ноҳияи Восеъ дар мактаби ҷадид, ки сар аз сентябри соли ҷорӣ дарҳои худро боз хоҳад кард, лӯлиҳои маҳаллӣ аз се деҳа - Тугарак, Гулистон ва Пахтаобод метавонанд таҳсил кунанд. Тадрис дар мактаб ба забони давлатист. То ифтитоҳи мактаби мазбур бархе аз атфоли лӯлӣ дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии - 19-и ноҳия сабақ мегиранд.
XS
SM
MD
LG