Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Китоби нави Иржи Бечка


"Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат ва зебоӣ" Аз се китоби омода ба нашри профессор Иржи Бечка ба муносибати 90-солагии ӯ якеаш ба нашр расид.

Нашриёти "Континент"-и шаҳри Прага китоби нави ховаршиноси машҳур Иржи Бечкаро таҳти унвони "Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат ва зебоӣ" аз чоп баровард, ки як тазкираи адабиёти форсизабон аст аз Рӯдакӣ то Сӯҳроби Сипеҳрӣ. Дар он дар бораи наздик ба сад шоиру нависанда маълумоти мухтасар дода шуда, намунаҳое аз осори онҳо нашр гаштааст. Донишгоҳи Карли Прага эълон кард, китобро ҳамчун дастури таълим истифода хоҳад кард. Ин китоб баъд аз як соли даргузашти устод Бечка нашр шуд ва аммо китоби дигари ӯ -- тазкираи адабиёти тоҷик аз Айнӣ то Фарзона дар шакли дастнавис боқӣ монд. Ин асар як навъ таърихи адабиёт дар Тоҷикистон аст ва кай чоп шудани он маълум нест, зеро муттаассифона, сарпарасте пайдо нашудааст, ки харҷи чопи китобро бидиҳад,.
Дар китоби дуюм беҳтарин намунаҳои адабиёти тоҷик бо забони чехӣ тарҷума ва гирдоварӣ шудаанд. Кай ва кӣ сарпарастии чопи китоби ятиммондаи устод Бечкаро бар дӯш хоҳад гирифт маълум нест. Шояд касе бо шунидани ин аз худ хабаре диҳад?
XS
SM
MD
LG