Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафақа ба 9 доллар расидааст


Мунъим Холиқов, раиси Бунёди мазкур зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, аз он миён, беш аз 180 миллион сомонӣ танҳо барои таъмини нафақаи бознишастагон, 15 миллиону 290 ҳазор сомонӣ барои маълулон, зиёда аз 5 миллион сомонӣ барои беҳдошти кӯдакон ва бознишастагон ва ҳамчунин беш аз ним миллион сомонӣ барои бекорон ҷудо шудааст. Ҳамзамон, Бунёди ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон барои ташкили 21.000 ҷойи нави корӣ дар қаламрави ин кишвар беш аз ду миллион сомонӣ масраф кардааст. Дар соли 2005 ҳаҷми маоши миёнаи бознишастагӣ 59 % афзоиш ёфта, 27 сомонӣ ё ҳудуди 9 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 518 ҳазор бознишаста, 82 ҳазор маъюб, ҳудуди 57 ҳазор шаҳрванди бесаробон ва беш аз 34 ҳазор нафари бе ҷойи кор ба сар мебарад.

Ҳамзамон, ба иттилоъи оқои Холиқов, ба маблағи беш аз 27 миллион сомонӣ музди моҳонаи кормандони муассисаҳои давлатӣ пардохт нашудааст. Ва аммо ба гуфтаи ӯ, корхонаҳои Тоҷикистон дар назди Бунёди ҳифзи иҷтимоӣ зиёда аз 63 миллион сомонӣ қарздоранд. Мунъим Холиқов бар ин назар аст, ки агар корхонаҳои қарздор андози иҷтимоиро пурра пардохт кунанд, маоши бознишастагон мунтазам дода мешавад. Аммо дар роҳи рӯёнидани андоз Бунёди ҳифзи иҷтимоӣ ба як идда мушкилот мувоҷеҳ мегардад:

«Дар ҷумҳурӣ 724 ташкилоту муассасаҳо ба пулиси молиёт дода шудааст, то ки як қисми қарзҳоро онҳо рӯёнида диҳанд. Ба додситониҳои шаҳру навоҳии кишвар маводи 1398 корхона пешниҳод шудааст, барои ситонидани андози иҷтимоӣ. Инчунин мо алоқаи зич дорем бо додгоҳҳои иқтисодӣ, 238 маводи корхонаҳои Тоҷикистон ба онҳо ирсол шудааст. Ба ғайр аз ин дар давоми соли 2005 дар ҷумҳурӣ 4358 ташкилоту муассисаҳо мавриди санҷиши мутахассисони бунёди мо қарор гирифта, зиёда аз як миллион сомонӣ фоизҳои барзиёд ҳисобшуда барқарор гардид, 71 ҳазор ҷарима баста шуданд."

Ҳукумати Тоҷикистон Бунёди ҳифзи иҷтимоиро муваззаф кардааст, ки дар соли ҷорӣ 253 миллион сомонӣ андози иҷтимоӣ ҷамъоварӣ ва пардохти саривақтии маоши бознишастагӣ ва кӯмакпулиҳоро ба шаҳрвандони ниёзманд таъмин кунад. Раиси Бунёди ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Мунъим Холиқов ҳамчунин хабар дод, ки дар соли ҷорӣ баланд шудани маоши бознишастагӣ ва кӯмакпулиҳо дар назар аст.
XS
SM
MD
LG