Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломи "мусулмонӣ" чӣ мушкил дорад?


Кумитаи дин мегӯяд, солҳои охир шумораи ҷавононе, ки бо роҳҳои инфиродӣ барои таҳсил роҳ ба сӯи кишварҳои исломӣ мегиранд, рӯ ба афзоиш доард ва феълан танҳо 140 нафар ба таври расмӣ ва беш аз 1000 нафари дигар ба тариқи инфиродӣ дар донишгоҳҳои кишварҳои мусулмон таҳсил мекунанд. Мақомоти ин кумита мегӯянд, ки бо омӯзишу таҳсили ҷавонон мухолифат надоранд, аммо дар сурати сафари инфиродии онҳо ва интихоби мустақилонаи ихтисос шаҳрвандони Тоҷикистон дар он кишварҳо аз ҳуқуқу имтиёз ва кафолатҳои давлатӣ комилан маҳрум мешаванд. Тоҳир Рашидов, муовини раиси Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон дар ин маврид мегӯяд: "Умуман омӯхтани илмро, кадом илме, ки бошад, дар дохил ва ё хориҷи кишвар - ҳукумати ҷумҳурӣ инкор намекунад, аммо хеле хуб мешавад, ки хоҳишмандон ба воситаи кумита, ба воситаи мақомоти дахлдор, дар асоси як чаҳорчӯбаи муайяни қонун барои таҳсил ба хориҷи кишвар сафар кунанд."
Рашидов бо арзи ин матлаб афзуд, ки Кумитаи дин феълан дар андешаи чораҳои ҷилавгирӣ аз таҳсили инфиродии ҷавонон дар давлатҳои исломӣ аст, аммо дар айни замон аз додани ҳама гуна тафсилот дар ин замина худдорӣ намуд. Ғолибан ҷавонони тоҷикистонӣ дар мактабҳои олии Эрону Миср, Арабистони Саъудиву Туркия ва Покистон таҳсил мекунанд. Аммо аксари онҳо дар сӯҳбат бо барномаи "Ояндасоз" мегӯянд, мушкили аслии онҳо на дар ҷараёни таҳсил, балки баъди хатми мактаби олӣ ва бозгашт ба ватан сар мезанад. Онҳо мегӯянд, аксар вақт бо дипломи як мактаби олии давлати исломӣ дар ватан онҳо барои худ кори шоиста пайдо карда наметавонанд. Фарҳод Наимов, хатмкардаи риштаи сиёсатшиносии яке аз донишгоҳҳои Анкараи Туркия мебошад. Ӯ мегӯяд, итминони комил дошта, ки баъд аз хатми донишгоҳ дар Тоҷикистон тибқи ихтисоси худ ҷои кори муносиб меёбад, аммо, "мутаасифона баъд аз бозгашт ман дар Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси худам ҷойи кор ёфта натавонистам. Феълан ман ороишдиҳандаи веб-сайтҳо ҳастам, ин кор бо интернет алоқаманд аст ва донистани компютер зарур аст, ба ин кор ман зиндагиамро имрӯз пеш мебарам, гарчанде ба касби дар хориҷа хондаам алоқаманд нест."
Имрӯз қариб аксари ҷавонони шабеҳи Фарҳод баъд аз бозгашт аз нав дар мактабҳои олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Амирхуҷа Сангов пас аз 5 соли таҳсил дар Эрон дубора дар Донишгоҳи давлатии милии Тоҷикистон мехонад. Ӯ мегӯяд, ба назараш чунин менамояд, ки 5 соли худро беҳуда сарф кардааст: "Қабл аз оне ки ман ба Эрон рафтам, ман як фаҳмиши дигар нисбати Эрон доштам, дарки дигар доштам. Он дипломҳое, ки мо аз он ҷо гирифтем имрӯз дар Тоҷикистони мо ба дард намехӯранд, чун 60 дарсади дарсҳое, ки мо дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хондем, дар риштаҳои илоҳиёт буд."
Аммо мусоҳиби дигарам, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, дар риштаи ҳуқуқшиносии донишгоҳи Ал-Азҳари Миср таҳсил дорад. Ӯ мегӯяд, омӯзиши улуми мазҳабӣ дар баробари илмҳои дунявӣ барояш зарур мебошад: "Мо дар он ҷо дар баробари омӯзиши ҳуқуқи дунявӣ ҳуқуқҳои ислом ва шариаву қонунро меомӯхтем. Аммо ман боварии комил дорам, ки ба гузашти замон баъди васеъ шудани доираи фаҳмиши ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон тахассуси мо дар ин кишвар ба кор меравад ва иншоаллоҳ ҷои кор меёбем."
Дар ҳамин ҳол Вазорати маориф мегӯяд, аксари ҷавонон бо иродаи шахсӣ барои таҳсил сафар карда, дар риштаҳое таҳсил мекунанд, ки мавриди ниёзи Тоҷикистон нест, биноан баъд аз бозгашт дар дарёфти ҷои кори муносиб мушкилӣ мекашанд. Раҷабалӣ Сангов, як корманди масъули Вазорати маориф мегӯяд, ҷавонони тоҷик дар давлатҳои исломӣ ғолибан чунин илмҳоро аз худ мекунанд: "Бештар иқтисоду сиёсат, диломатия ва забони арабӣ."
Ба гуфтаи Раҷабалӣ, дипломҳои муҳассилини кишварҳои исломӣ ва ё донишгоҳҳои динӣ бо нақшаву барномаҳои таълимии донишгоҳҳои Тоҷикистон мувофиқат намекунанд, аз ин рӯ аксаран онҳо ҳамчун маълумоти нопурра эътироф мегарданд: "Тасаввур кунед, ки аз ҳамун 100 фанни таълимӣ дар давоми 3 ё 5 соли таҳсил дар ин ё он давлати исломӣ ҳатман илова бар фанҳои тахассусӣ боз фанҳои илоҳиро меомӯзанд. Аз фанҳои таълимие, ки онҳо омӯхтаанд ва ба донишгоҳҳои мо мувофиқат мекунанд, ин танҳо забони арабӣ аст ё фалсафа ва ё забонҳои хориҷӣ, дигари он умуман мувофиқат намекунад." Вале, ба гуфтаи бархе аз коршиносон сабаби аслии ба сохторҳои давлатӣ роҳ наёфтани ин ҷавонон дар он аст, ки онҳо ба андешаи бархе мақомот бо мафкураи мазҳабӣ бармегарданд. Зиёда аз ин, бархе мегӯянд, ки ин ҷавонон равияву назарияҳои мухталифи мазҳабии ин ё он давлатро аз худ кардаанд ва аз ин назар дар оянда метавонанд, барои давлат ва ягонагии дину мазҳаб мушкил эҷод кунанд.
XS
SM
MD
LG