Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши "Тақвими интизорӣ"-и Сафарбек Солиев


Дар Душанбе маросими муаррифии «Тақвими интизорӣ» филми нави Сафарбек Солиев - филмбардори тоҷик, баргузор шуд. Дар ин маросим, мунақиддони соҳаи кино, аҳли илму фарҳанг, ҳунармандоне, ки дар филм нақш офаридаанд ва сокинони пойтахт иштирок доштанд.
Сафарбек Солиев, муаллиф ва коргардони филм гуфт, филми мазбур, ки аз як рӯзи зиндагии мушкили мардуми деҳоти кӯҳистони Тоҷикистон, қисса мекунад, бо маблағҳои шахсии худи ӯ ва ҳамчунин бо пуштибонии молии Оҷонсии рушди Швейтсария дар Тоҷикистон, ба навор гирифта шудааст: "Аслан бо сармоягузории шахсии худ ин филмро бардоштам, мошин ва хонаамро фурӯхтам. Оҷонсии Швейтсария ба мо кӯмак кард."
Сужаи филми «Тақвими интизорӣ», зиндагии мушкили мардуми кӯҳистони Тоҷикистон, бахусус дар фасли сармо, интизориҳои аҳли хонаводаҳо дар роҳи омадани баҳор ва муҳоҷирони корӣ, пайванди наслҳо, дӯстии миллатҳоро дар бар гирифтааст. Филм бо чаҳор забон -- русӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва итолиёвӣ тарҷума шудааст.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG