Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раддияи намояндагии Банки ҷаҳонӣ дар мавриди қарзи Тоҷикистон


Салиим Аюбзод

Намояндагии Банки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар як баёнияи расмӣ иттилоъи хабаргузориҳоро, ки гуфтаанд, Банки ҷаҳонӣ зиёда аз 300 миллион доллар воми Тоҷикистонро лағв мекунад, беасос номид. Дар ин санад гуфта мешавад, ки дарвоқеъ ҳукумати Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо ноиби аввали раис ва иқтисоддони асосии Банки ҷаҳонӣ Франсуа Бургинион масъалаи лағви қарзҳои Тоҷикистонро ба миён гузошта буд, аммо аз тарафи намояндаи банк ягон ӯҳдадории расмӣ эълон нагаштааст. Ба қавли намояндагии Банки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ҷаноби Бургинион аз лавғи 99 миллион доллар қарзи Тоҷикистон ба Сандуқи байнулмилалии пул ёдовар шуд, ки бо ташаббуси сармоягузорон ва донорҳо ба амал омадааст. Бо вуҷуди он ки ин ташаббус ба ҳарсе ниҳоди байнулмилали молиявӣ -- Сандуқи байнулмилалии пул, Банки ҷаҳонӣ ва Банки африқоии рушд дахл дорад, ҳар кадоми он ба таври алоҳида тасмимигирӣ мекунад ва Банки ҷаҳонӣ лағви қарзи Тоҷикистонро дар марҳилаи феълӣ имконнопазир медонад. "Мужда"-и лағви қарзҳои Тоҷикистонро аз тарафи Банки ҷаҳонӣ хабаргузориҳои "Авеста", РИА Новости ва Регниум нашр карда буданд.
XS
SM
MD
LG