Тарҷумаи осори бадеӣ як воситаи муаррифии афкори зебошиносии як миллат аст ва ба густариши дӯстию тафоҳум хидмат мекунад. Дар гузашта осори шоиру нависандагони Тоҷикистон бо даҳҳо забони дунё баргардон ва дар мамолики дуру наздик чоп мешуданд. Ин осор ба мардумони дигар мадад мекард, то кӣ будани тоҷикон ва чӣ таъриху фарҳанг доштани онҳоро бифаҳманд. Оё имрӯз осори адибони тоҷик ба кадом забонҳо ва дар кадом кишварҳо ба нашр мерасад? Ва оё осори кадом адибони ҷаҳон ба забони тоҷикӣ тарҷумаву нашр мешавад? Табъу нашри осори адибони тоҷик ба хатти ниёкон дар Эрон чӣ гуна ба роҳ монда шудааст? Боре дар таърихи тарҷума дар Тоҷикистон моҷарое барпо шуда буд, ки асари нависандаи хориҷӣ бе иҷозаи муаллиф баргардон шудааст. Оё имрӯз чунин мушкилот вуҷуд дорад? Ҳамаи ин дар барномаи "Ганҷина" ва дар сӯҳбат бо адибони тоҷик.