Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги нави FIFA


Мунтахаби Бразилия бо 839 имтиёз миёни 205 кишвари олам дар ҷойи аввал мебошад. Тими миллии Ҷумҳурии Чех бо 796 имтиёз мақоми дувум ва дастаи Ҳолланд бо 790 имтиёз мақоми севумро ишғол мекунанд.

Миёни тимҳои қораи Осиё мунтахаби Ҷопон натиҷаи беҳтарин - 714 имтиёз ба даст овардааст ва дар зинаи понздаҳум қарор дорад. Тими миллии Эрон бо 703 имтиёз дар қораи Осиё дар мақоми дувум ва дар ҷаҳон мақоми нуздаҳумро касб кардааст. Дастаи Ҷумҳурии Куриё бо 680 имтиёз миёни тимҳои Осиё дар мақоми севум ва дар рейтинги FIFA дар мақоми бисту нуҳум қарор гирифтааст.

Байни тимҳои миллии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби Узбакистон беҳтарин аст. Ин даста бо 573 имтиёз дар мақоми панҷоҳу нуҳум мебошад. Дастаи мунтахаби Туркманистон низ чун пешин бо 385 имтиёз дар ҷойи яксаду шонздаҳум мавқеъ дорад. Дастаи Тоҷикистон бо 299 имтиёз дар рейтинги нави FIFA мавқеашро дар зинаи яксаду чилу якум нигаҳ доштааст ва миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо аз тими Қирғизистон пеш гузаштааст. Дастаи Қирғизистон бо 235 имтиёз ду зина поин - ба ҷойи яксаду панҷоҳу нуҳум фуромад. Ва тими миллии Афғонистон ба мисли пешин бо 85 имтиёз дар зинаи яксаду ҳаштоду нуҳум қарор гирифтааст.

Тими миллии Самоаи Амрико бо 15 имтиёз мақоми охирин - дусаду панҷумро ишғол мекунад.
XS
SM
MD
LG