Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Лориҷонӣ ба Маскав ва ҳушдори нави Амрико


Намояндаи баландпояи Эрон дар гуфтушунидҳои ҳаставӣ Алии Лориҷонӣ дар Маскав бо мақомоти Русия масъалаҳои барномаи ҳаставии Эронро баррасӣ мекунад. Дар ин нишастҳо пешниҳоди Русия дар бобати ғанигардонии уран барои нирӯгоҳи Эрон дар қаламрави Русия баррасӣ мешавад. Ин барнома мақсад дорад, ташвишҳои байнулмилалро пиромуни Эрон коҳиш диҳад. Дар ҳамин ҳол президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш гуфтааст, то замоне ки Теҳрон барои коҳиши изтироби байнулмилал даст ба амал намезанад, қадами баъдии мантиқӣ ирсоли парвандаи Эрон ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аст, то бо қарори он зидди Эрон таҳримҳои иқтисодӣ эълон шаванд. Буш гуфт, Амрико аз ҳампаймони худ -- Исроил дифоъ хоҳад кард ва ҷаҳон набояд дар ҳолате гузошта шавад, ки масъалаи ҳаставӣ ба шантаж табдил ёбад. Вай инчунин гуфт, Амрико ба мардуми Эрон ғараз надорад, балки рафтори ҳукумати Эронро пешгӯинашаванда ва барномаи онро хилофи сулҳ мешуморад. Амрико ва ҳампаймонҳои он дар Иттиҳоди Аврупо гуфтаанд, дар ҷаласаи Бунгоҳи байнулмилалии нирӯи ҳаставӣ ирсоли парвандаи Эронро ба Шӯрои амният тақозо хоҳанд кард. Эрон иттиҳомоти инро, ки махфиёна ба бунёди силоҳи ҳаставӣ машғул аст, рад мекунад ва мегӯяд, ба пажӯҳишҳои ҳаставӣ ҳақ дорад.
XS
SM
MD
LG