Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Синамо, дин ва сиёсат


Тундравони мазҳабӣ -- мухолифи филми ҳақиқатнигор Ҳунарпешаи синамои ҷиддии Ҳиндустон Симо Бисвас изҳори умедворӣ кард, ки бинандагон ба филми нави ӯ дар бораи бевазанҳо тобиши сиёсӣ намедиҳанд. Ин дар ҳолест, ки миллатгароёни ҳинду кайҳо онро "ҳамла ба дини худ" эълон карда, мавриди намоишҳои эътирозӣ қарор додаанд.

Симо Бисвас дар филми нави коргардони ҳиндутабори канадагӣ Дипа Меҳта, ба номи "Об", нақши зани бевамондаро бозӣ мекунад. Интизор меравад ин филм ба зудӣ дар Ҳиндустон ба намоиш ояд. Вале ба иттилои хабаргузории Ассошиейтед Пресс, созмони Вишва Ҳинду Паришад, як гурӯҳи тундрави ҳиндуистӣ ба Меҳта ҳушдор додааст, ки филм набояд дар Ҳиндустон намоиш дода шавад, вагарна муаллифону бозигарони онро паёмадҳои ногувор дар пеш хоҳад буд.
Бисвас мегӯяд, ин як филми инсонист, на сиёсӣ ва аз сарнавишти талхи занони беваи Ҳиндустон дар соли 1930 нақл мекунад. Ҳодисаҳо дар хобгоҳе ба амал меоянд, ки занони беваро ба он ҷо мефиристоданд, то аз ҷомеа дур нигаҳ доранд. Тибқи суннатҳои қадимии ҳинду занони бева омили бадбахтӣ шумурда мешуданд. Издивоҷи дигарбора барои онҳо манъ буд, ҳарчанд мардони бева метавонистанд, дубора зан бигиранд. Бахши умдаи филм дар Шри Ланка наворбардорӣ шуд, зеро миллатгароёни ҳинду нагузоштанд, Меҳта дар дохили кишвар кор кунад.
Симо Бисвас нақши беваеро мебозад, ки пойбанди суннатҳои бостонист, аммо сарнавишти ҷавонзани бевамонда, ки ҳунарпеша Лиза Рой мебозад, ақидаи ӯро тағйир медиҳад. Вай ин ҷавонзанро мисли духтари худ дӯст медорад ва ба ӯ ёрдам мекунад, то аз Хонаи беваҳо фирор кунад ва ба издивоҷи марди дӯстдоштаи худ дарояд. Бисвас сар аз авалин нақши муваффақи худ дар филми "Маликаи роҳзан" дар соли 1994 дар даҳҳо филми синамои ҷиддии Ҳиндустон нақш бозида, кӯшидааст, аз ширкат дар филмҳои сабуки кӯчабозорӣ, ки дар Тоҷикистон маъруфанд, худдорӣ кунад. Вай ҳангоми наворбардории филми иҷтимоии "Маликаи роҳзан" захмӣ шуд, вале иштирокро дар он идома дод. Банаворгирии филим "Об" дар соли 1996 сар шуда, панҷ сол давом кард.
Коргардон Дип Меҳта низ айбмонии мазҳабгароёни ҳиндуро рад мекунад ва мегӯяд, филм на зидди ҳиндуҳо, балки ба манфиати онҳост ва дар бораи занест, ки барои як ҳаёти оддию осуда бояд ба одат ва хурофоти ҷомеъа сарбасар шавад.
XS
SM
MD
LG