Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши ҲНИТ ба баёнияи Ҳомиддин Шарифов


Мақомоти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон рӯзи 22 январ иддаои вазири умури дохила Ҳомиддин Шарифовро дар мавриди ин, ки гӯё бархе аз аъзои Ҳизби Наҳзат бо «Ҳизб-ут-Таҳрир» робита дорад дорад, рад карданд.
Вазири корҳои дохилӣ ин ҳафта ҳангоми як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки аъзои созмони мамнӯъи «Ҳизб-ут- Таҳрир» бо аъзои Ҳизби Наҳзат иртибот доранд ва аз онҳо теъдоди зиёди адабиёти экстремистию аслиҳа кашфу мусодира шудааст:
"Дар ноҳияи Исфара мо аъзои Ҳизби Наҳзати Исломиро боздошт кардем. Аз хонаи ӯ адабиёте ёфтем, ки ба «Ҳизбуттаҳрир» тааллуқ доштанд. Ин гуна фактҳо бисёранд, ки онҳо байни якдигар рафтуомад доранд.Ман тамоми Ҳизби Наҳзатро айбдор карданӣ нестам."
Муҳиддин Кабирӣ, муовини аввали раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ мавқеи ҳизби худро дар ин робита чунин баён кард: "Раҳбарияти ҳизби мо борҳо расман эълон кардааст, ки ҳеҷ робитае бо «Ҳизби Таҳрир» надорад ва ҳама гуна алоқаҳоро бо аҳзобе, ки аз қайди расмӣ нагузаштаанд, рад мекунад. Агар ягон узви ҲНИТ ба ин ё он ҷурм муттаҳам шуда бошад, ин маънои онро надорад, ки ин мавқеи роҳбарияти ҳизби мост."
Ба гуфтаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, соли 2005 аз сӯйи кормандони ин вазорат 44 узви фаъоли «Ҳизбу-ут-Таҳрир» боздошт шудаанд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG