Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 дарсади муҳоҷирони тоҷик "қонунӣ" шуданд


Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ эълом кард, ки то имрӯз 10 дарсади муҳоҷирини тоҷик кору иқомати худро дар шаҳру вилоятҳои Русия расмӣ кардаанд ва акнун онҳо аз имтиёзоти ношӣ аз созишномаи муҳоҷирати байни Тоҷикистону Русия бархӯрдор ҳастанд. Вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Зокир Вазиров дар робита ба ин гуфт: "Ин маънои онро дорад, ки маошашро гирифта метавонад, табобат гирифта метавонад, ҳифзи иҷтимоияш таъмин мешавад. ЧЯъне ки рафтуомадаш расмӣ мешавад ва аз тарафи мақомоти маҳаллӣ зери таҳқир қарор намегирад."

Оқои Вазиров афзуд, барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти гузарнома дар Русия 5 нуқтаи гузарномадиҳӣ таъсис дода шуда ва дар соли 2005 беш аз 500 000 нафар соҳиби гузарнома шудааст. Вазири кори Тоҷикистон гуфт, мақомоти масъули кишвар талош хоҳанд кард, ки кору зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон, махсусан муҳоҷирини корӣ дар хориҷи кишварро таҳти назорати ҳамаҷониба қарор диҳанд.

Тибқи иттилоъи вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, дар зарфи як соли гузашта аз маблағи кори муҳоҷирони корӣ аз тариқи бонкҳо беш аз 800 миллион доллар пули нақд ва ба маблағи тақрибан 200 миллион доллар ба бозори мошини Тоҷикистон автомобилҳои хориҷӣ ворид шудааст.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG