Тибқи баёнияи матбуотие, ки имрӯз сафорати Британия дар Душанбе нашр намуд, сафорат бо дастури ҳукумати Британия ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нота фиристода, нигаронии худро аз қатъи пахши барномаҳои бахши ҷаҳонии БиБиСи рӯи амвоҷи ҒМ дар Тоҷикистон изҳор намудааст.
Дар баёнияи матбуотӣ омадааст, "10 уми январи соли 2006, баъди он, ки БиБиСи натавонист дар тӯли 20 рӯзи таъиншуда раванди тӯлонии сабти номи дубораи худро мутобиқи қонунҳои ахири Тоҷикистон такмил кунад, пахши барномаҳои он қатъ карда шуданд. Сарфи назар аз он ки БиБиСи ва сафорати Британия дар тӯли як ҳафтаи гузашта ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат намуданд, ҳанӯз ба эҳёи пахши барномаҳои БиБиСи иҷозат дода нашудааст."
Сафири Британия ҷаноби Грэм Лотен гуфтааст, "БиБиСи комилан мувофиқ аст, ки ӯҳдадориҳои худро дар мавриди сабти номи дубора иҷро намояд, агарчи он якчанд моҳро дар бар хоҳад гирифт." Сафир гуфтааст, ки ба тахмини вай пахши барномаҳои БиБиСи ба иллати ғалатфаҳмӣ қатъ шудааст, ва изҳори умед кардааст, ки мақомоти Тоҷикистон ба зудӣ барои пахши дубораи барномаҳои ин радио дар амвоҷи ҒМ иҷозат хоҳанд дод.