Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси оҳанин дар кӯчаҳои Сеул


Ҳумоюн Баъд аз ҳамагӣ чаҳор сол тартибу интизомро дар Куриёи Ҷанубӣ робот - пулис назорат хоҳад кард.

Center for Intelligent Robots, ки барои ҳукумати ин кишвари осиёвии мутақаддим аз лиҳози фаннӣ кор мекунад, тасмим гирифтааст, ки то соли 2010 роботҳоро истеҳсол карда ба ёрии пулис ва ҳарбиён бифиристад. Cnews.ru аз қавли ширкати фавқуззикр навиштааст, ки ин кор комилан имконпазир аст ва онҳо танҳо интизори тасмими ниҳоии як кумиссюни вижаи ҳукуматӣ мебошанд.

Ли Ҳо-Гил (Lee Ho-Gil) раҳбари маркази роботҳои бошуур гуфтааст, агар санҷиши аввалияи роботҳо хуб бигзарад, онҳо аллакай дар соли оянда ба истеҳсоли пулисҳои оҳанин шурӯъ хоҳанд кард. Ӯ гуфтааст, роботҳо метавонанд кӯчаҳоро назорат бибаранд ва ҳатто ҷинояткоронро таъқиб намоянд.

Хабар ҳокӣ аз он аст, ки дар дафтарҳои ҳукумати Куриёи Ҷанубӣ ҳамчунин масъалаи истеҳсоли робот – сарбозҳо дар баррасӣ аст. Ин роботҳо шаш ва ё ҳашт дасту по дошта шакли зоҳирияшон ба асп ва ё саг шабоҳат хоҳад дошт. Барои ин аҳдоф интизор меравад, ки вазоратҳои дифоъ ва иттилооти Куриё беш аз 30 миллион доллар тахсис бидиҳанд.
XS
SM
MD
LG