Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садои ҳамватан: Муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон (Бахши дуввум)


Ба гуфтаи Алифа Абубакирова-сарвари Сандуқи байналмилалии расонидани ёрии иттилоъотиву ҳукуқӣ ба муҳоҷирони кории назди сафорати Тоҷикистон дар Қазокистон, дар ин кишвар беш аз 15 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик мавҷуд аст. Дар маҷмуъ шумораи умумии тоҷикон дар ин кишвар, тибқи омори ғайрирасмӣ, бештар аз 70 ҳазор нафар мебошад. Аксари тоҷикони бумӣ дар қисмати ҷанубии Қазоқистон дар ноҳяҳои Сариоғочу Махтаарал ва дар шаҳрҳои Чимканду Тароз ба сар мебаранд.Бештари муҳоҷирони корӣ дар шаҳри Алмаато сукунат ихтиёр кардаанд ва шумораи онҳо ба иттилоъи сарвари Сандуқи байналмилалии расонидани ёрии иттилоъотиву ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони тоҷик дар пойтахти ҷанубии Қазоқистон тақрибан 8 ҳазор нафар аст.Муҳоҷирон ба ҷуз аз шаҳри Алмаато, ба гуфтаи хонум Абубакирова, ҳамчунин дар шаҳрҳои Остона, Темиртав, Карағанда, Костанай, Павлодар,Уст-Каменогорск, Оқтуба ва дар ҷануби кишвар дар Чимканду Тароз кору зиндагӣ мекунанд.Ҳамсуҳбати мо мегуяд, дар Қазоқистон вилояте нест, ки дар он муҳочири тоҷик кору зиндагӣ накунад.Доманаи фаъолияти муҳоҷирони тоҷик низ фарох аст.Абубакирова дар ин бора мегуяд:

«50 дарсади муҳоҷирони тоҷик дар бозорҳо , 20 дарсадашон дар сохтмон ва даҳ дарсад дар истеҳсолот кор мекунанд.Ҳамчунин теъдоде аз муҳоҷрон ба пизишкиву омузгорӣ ва соҳибкорӣ машғуланд. Вале дар Алмаато пешаи асосии муҳоҷирин тоҷирист.Тиҷорати онҳо асосан се бахшро дар бар мегирад: тиҷорати меваи хушк ,меваҳои ситрусӣ ва фуруши пойафзол".

Аксари тоҷироне, ки ба фуруши меваи хушк машғуланд, дар бозори бузурги меваи шахр, яъне дар "Сабзбозор" ҷамъ омадаанд. Вакте, ки вориди табақаи дуввуми ин бозор мешавед, тоҷирони тоҷикро дида фикр мекунед. ки гуё дар бозори меваҷоти Душанбеву Хуҷанд ё Бухорову Самарқанд ҳастед. Муҳсин Бобоев, ки зодаи деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара аст, мегуяд, ки бозори Алмаато ва пешаи мевафурушӣ ба у ва се бародараш аз падару бобоёнаш мерос мондааст ва падару бобояш дар ҳамин чо гузаштаанд.
Муҳим Юнусов низ зодаи Исфара аст. Вай таъкид мекунад, ки агар падару бобоёнашон бештар меваҷоти боғи хедро ба Алмаато меоварданд ҳоло дар рафҳои растаи онҳо на танҳо меваи хушки Тоҷкистон , балки дигар кишварҳоро ҳам мебинед. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, номгуи зиёди меваҷот бозорро ба истилоҳ "гарм мекунад". Вале ба андешаи бозаргони точик ин нукта муҳим аст, ки тоҷир дар бораи моли ба бозор баровардааш бояд иттилоъи зиёд дошта бошад ва онро ба харидор пешкаш карда тавонад:

«Бисёр духтурон ва дигарон мегуянд, ки ҳама чизи зинда аз нури офтоб баҳра мегирад, дар таркиби зардолу низ ҳамин гуна чизҳои фоидаовар бисёр аст.Мо, ки ба ҳамин кор машғул ҳастем,биёр пурсуҷу мекунем, аз пиронсолон ва аз одамоне, ки ба ҳамин кор машғул ҳастанд, бисер сирроша фаҳмида баъд ба харидорон мефаҳмонем. Масалан, дар ҳамин Алмаато қазоқҳо зардолуҳои Тоҷикистонро аз чиҳати таъму сифат беҳтарин ҳисоб мекунанд.»

Муҳим ба торихи бозаргонии тоҷик ишора карда мегуяд, ин пешаест, ки аз аҷдоди суғдиву бохтариамон ба мо мерос монда ва тибқи таълимоти онҳову панди падару бобоёнамон шарти асосии пешрафти тиҷорат ва ҳама гуна фаъолияти инсон марбут ба муносибати неку дасту дили поки ҳар шахс аст:


«Барои тоҷир аз ҳама хислати беҳтарин сифати неки инсонӣ, намуди зоҳирӣ, тарзи либоспушӣ ва сухани зебост, то ба дили харидорон роҳ ёбад. Сифати асосие. ки халқи Қазоқистон барои ҳамин моро нағз мебинанд, фиреб надодан дар вақти бар кашидан дар тарозуст. Ин сифати нек аз падару бобоён ба мо мерос мондааст . Дар дини мубини ислом низ таъкид шудааст, ки касе фиреб диҳад, якаш ду намешавад.»


Ба андешаи хамсуҳбатони мо, ҳар яки онҳо хоҳ тоҷир бошанд, хоҳ намояндаи пешаи дигар дар ммуҳоҷират на танҳо худ, балки бо рафтору кирдор ва гуфтору муносибаташон халқи хедро муъаррифӣ мекунанд. Дар ин бора Раҳмон Раҳмонов, ки ҳамдеҳаи Муҳим аст, чунин мегуяд:


«Масалан, аз дигар давлатҳо ба назди мо меоянд ва мепурсанд, ки ин бори кучост. Аз Тоҷикистон мегуем. Мо ба онҳо дар бораи Тоҷикистон ҳикоят мекунем ва бо Тоҷикистон шинос мекунем. Мо ҳам бори худ ва ҳам диёри худамонро дар ин ҷо муъаррифӣ мекунем.»

Ҳамсуҳбатони мо иброз медоранд, ки онҳо аз ҷумлаи тоҷирони миёнаҳоли тоҷиканд, вале ба андешаи бозаргонҳо коре, ки онхо анҷом медиҳанд, чандон хурду реза нест. Аввалан, онҳо зардолуву дигар меваи хушки Тоҷикистонро харида ба ин ҷо меоранд ва аз тиҷорати онҳо ҳам худашон баҳраманд мешаванд ва ҳам боғдорони тоҷик.Сониян онҳо мушкилоти мусофиратро паси сар ва рузгорашонро обод мекунанд. Бар илова , бо меваҷоти шаҳдомези кишвар ва пиндору гуфтор ва рафтори нек номи тоҷику Тоҷикистонро боло ва муҳаббати мардуми Қазоқистонро ба онҳо бештар месозанд.
XS
SM
MD
LG