Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокамаи Мирзоев пӯшида ва аз Искандаров ошкоро хоҳанд гузашт


Дар нишасти хабарии Додгоҳи Олии Тоҷикистон рӯзи ҳабдаҳуми январ дар шаҳри Душанбе, бештар ба мавзӯъи муҳокамаи парвандаи ҷиноии Ғаффор Мирзоев ва шикояти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров расидагӣ шуд. Ҳизбулло Хоҷаев, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон гуфт, дар парвандаи ҷиноии Ғаффор Мирзоев, сарвари собиқи оҷонсии назорат аз болои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ҳамакнун Додгоҳи олӣ ба муҳокимаи он шурӯъ кардааст, бандҳои вобаста ба сирри давлатӣ мавҷуд аст ва аз ин рӯ, муҳокамаи додгоҳии парвандаи генерал Мирзоев пушти дарҳои бастаи боздоштгоҳи вазорати амнияти Тоҷикистон сурат мегирад. Дар ҳамин ҳол, Ҳизби Демократи Тоҷикистон бо пахши як баёния дар мавриди пӯшида сурат гирифтани муҳокамаи шикояти оқои Искандаров изҳори норозигӣ кард ва аз Додгоҳи Олӣ тақозо кард, ки дар ин масъала таҷдиди назар кунад. Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон иддао дорад, ки муҳокамаи шикояти Искандаров тибқи қонун бояд дар бинои Додгоҳи Олӣ сурат гирад, на дар боздоштгоҳи вазорати амният. Ҷаноби Валиев гуфт, «Агар суди кассатсионии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар боздоштгоҳи вазорати амният баргузор шавад, ин бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки ба маҳкама кашида шудани оқои Искандаров пурра хислати сиёсӣ дорад.»
Дар нишасти хабарии Додгоҳи Олӣ, Ҳизбулло Хоҷаев дар расидагӣ ба тақозои ҲДТ гуфт, ки дар Додгоҳи Олӣ ин мавзӯъ баррасӣ шуд ва акнун дарҳои толори муҳокама барои пайвандони оқои Искандаров ва расонаҳои хабарӣ боз хоҳад буд: "Шикояти кассатсионии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров низ ба мисли пештара кушода ва ошкоро баррасӣ мешавад. Аммо тарзи баррасии парвандаҳо ба тариқи кассатсионӣ аз баррасии парвандаҳо дар зинаи аввали додгоҳ фарқ мекунад. Мо имкон надорем, ки шикояти кассатсионии Искандаровро низ дар толори зинаи аввали суд, яъне Суди олӣ баррасӣ кунем."
Муҳокамаи шикояти лидери демократҳои Тоҷикистон Муҳамарӯзӣ Искандаров аз болои ҳукми Додгоҳи олӣ, ки бар тибқи он оқои Искандаров ба 23 соли зиндон маҳкум шудааст, рӯзи чоршанбеи 18-уми январ дар боздоштгоҳи вазорати амният баргузор мешавад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG