Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими барқарорсозии пайкараҳои тахрибшудаи Рашт


СД

Дар водии Рашт ҳайкали Нусратулло Махсумов, нахустин раиси ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дар соли 1924 ва пайкараи ҳафт метраи «Модари Ҳойит», ки дар соли 1993 аз сӯи гурӯҳи мусаллаҳи номаълум хароб шуда буданд, барқарор мешаванд. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ҳайкалу пайкараҳоеро, ки дар солҳои навади асри гузашта, бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ва ба таври ваҳшоният нест шудаанд, сар аз соли 2006 барқарор кунад. Бар тибқи иттилоъи расмӣ ҳамакнун то моҳи июн, то рӯзи баргузории Иди Ваҳдати Миллӣ дар баробари барқарор кардани пайкараҳои тахрибшуда дар Боғи марказии ноҳияи Рашт чанд муҷассамаи дигар низ бунёд мегардад.

Муфассалтар дар ин мавзӯъ дар сафҳаи вижаи фарҳанг
XS
SM
MD
LG