Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чеҳраи коҳидаи табиӣ ва либоси фарсуда гримми ҳаҷвнигори тоҷик будааст


Қиссаи "заказ-у бе "заказ"-иҳои "Кайфуллову Мастулло"

Сутури маншур дар боло хушае аз хирмани рубоиётест сахт ширину ҳаҷвбор, ки Гуландом, як тан аз ҳунармандони шинохта дар минтақаи Кӯлоб ва собиқ ҳунарманди театр - студияи сайёри «Кайфуллову Мастулло»-и шаҳри Кӯлоб аз байни мардум гирдоварӣ карда, дар саҳна месароид. Театри мазбур як гурӯҳи ҳунарии ҳаҷвнигорони маҳаллист, ки ҳамакнун минтақаро тарк кард. Сайфулло Насимов - садри театр-студияи «Кайфуллову Мастулло» мегӯяд, ҳамакнун мавзеъро тақрибан тамоми ҳунармандони театр тарк гуфтаанд. Бархе аз ҳунармандони саршинос даст ба мардикорӣ бурдаанд ва ё дар бозорҳои мавзеъ ба тиҷорати хурд банданд. Ба гунаи мисол, Худойназар Тилавов нонвой аст. Мирзо Муродов устои мошинсоз.

Бар тибқи иттилоъи Худойназар Тилавов - ҳунарманди мардумӣ онҳо, актёрони театри ба номи Вализодаи Кӯлоб моҳе чанд бор ҷамъ омада, барои аз даст надодани маҳорати касбӣ ройгон нақш мебозанд. Ва аммо театр-студияҳои сайёри тоҷик, ки бар тибқи иттилоъи санъатшиносон таърихи чандсадсола доранд, ҳамакнун ба асолати хеш баргаштаанд. Онҳо шаҳр ба шаҳру деҳа ба деҳа мегарданд, дар назди мардум ҳунарнамоӣ мекунанд ва касби маоши рӯзгори онҳо аз ҳамин ҳисоб будааст. Сайфулло Насимов мегӯяд, театр-студияи «Кайфуллову Мастулло» тақрибан дар ҳама навоҳии Хатлон ҳунарнамоӣ мекунад. Ба гуфти ҳаҷвнгори шинохта «заказ», яъне фармоиш бошад, ҳар рӯз ва агар набошад ҳам ҳунарнамоӣ мекунанд.

Нодорӣ, набуди саҳна, адами маош, театр-студияҳоро пароканда кардааст. Ҳамакнун труппаи эҷодии Сайфулло Насимов бе Кайфулло монд. Дуэти маҳбуб ва маъруф фаро рехт. Гуландом низ аз гурӯҳ рафтааст. Ва аммо Сайфулло Насимов мегӯяд, аз ҳунармандони фирорӣ гила надорад. Зеро зиндагонӣ онҳоро маҷбур кард, ки тағйири касб кунанд. Ва аммо ҷаноби Насимов меафзояд, гурӯҳи ҳунарӣ аз ҳисоб ҳунармандони ҷавон-донишҷӯён муваққат барқарор шудааст. Сайфулло Насимов мегӯяд, дар рӯзгори бӯҳронӣ рӯзи хатти сурхдор ва дӯстдоштаи худро дорад. Чун ҳаҷвнигори асил рӯзи дӯстдори Сайфулло 1 апрел аст, ки ба аҳли байти худ ҳар чизе ки хоҳад, аз анвоъи хӯрокворӣ, шириниву мағзу пиставу бодом ва либосворӣ ваъда медиҳад:

«Ин рӯзест, ки мо ҳаҷвнигорон Ҳотами Тойием! Ҳар чизе ки ваъда медиҳему агар наовардем, медонанд, ки рӯзи ҳаҷвнигорон аст ва бар мо мебахшанд. Зеро агар мо танҳо дар ин рӯз мардумро «фиреб» диҳем, пас ҳастанд гурӯҳи мардуме, ки як умр моро фиреб додаву ваъдаҳои бардурӯғ гуфта гаштаанд»

Театр-студияи «Кайфуллову Мастулло» ҳамакнун барои муҳассилини макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва кӯдакистонҳо барномаҳои вижае матраҳ кардааст. Хубии кор ин аст, ки бар тибқи мақоли дӯстдори Сайфулло «Ё маро бубар ба хонат ё биё ба хонаи ман!», театри сайёр ба дурдасттарин деҳоти Хатлон шуда, дар назди кӯдак ҳунарнамоӣ мекунад. Ва ҳарчанд хандаҳои ширинкорон ғамбор ҳам ҳастанд, Сайфулло мегӯяд, сару либоси фарсуда ва андоми лоғари ҳунармандонро атфол ҳамчун гримм, ё ороиши чеҳраи ҳунарманд қабул мекунад.

Ҳикояти марги фоҷиабори ҳаҷвнигори мардикор

Ва аммо вазъи театр-студияи «Очаи Бикаву Зика» гурӯҳи маъруфи дигар дар водии Кӯлоб боз ҳам риққатовар аст. Ин гурӯҳ барои касби маош ҳамакнун ба Русия меравад ва дар назди мардикорони тоҷик ҳунарнамоӣ мекунад. Ва авҷи таҷаллии фоҷеъаи ҳунармандони ҳаҷвнигор саргузашти тақлидкори шинохта Маҳмадулло Файзов буд, ки монотеатри сайёр, ё театри «як актёр» дошт ва тани танҳо дар маъракаву маросими давлатӣ ҳунарнамоӣ мекард. Маҳмадулло ахиран низ ба Русия рафт ва дар он кишвар ҷоми шаҳодат нӯш кард. ..Ӯро тоссарони русӣ, ки неофашист ҳам муаррифӣ шудаанд, ба қатл расониданд! Ва аммо то ҳанӯз аз дару даҳлези тетари нимавлангори Сайидалӣ Вализода гӯиё ба гӯш садои хандаи ба завқ аммо сахт ҳазини Маҳмадулло, ки 6 фарзандро ятим бар ҷо гузошт, мерасад...

Ин порае аз ҳақиқати рӯзгори ҳаҷвнигорону ширинкорони маҳаллӣ буд, ки ба иттилоъи худи ишон, гуруснаву муфлисанд, аммо барои мо - муштариёни лутфу ҳаҷв, барои касби маош, барои қути лоямут пайваста латифаву шакартабассум ҳадя мекунанду мекунанд. Аммо мо қудрати дарке надорем, ки паси ҳар хандаи ишон рӯзгори сахту сангин ва фоҷеаи инсониятро бубинем ва хандаҳои гиряолуди онҳоро бишнавем...
XS
SM
MD
LG