Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тенниси тоҷик дар соли 2005


Ва аммо нисфи ин ҷоизаҳо танҳо ба як нафар теннисбози навраси ин кишвар -- Аҳмадҷони Муҳаммад мутааллиқ аст. Ӯ дар нахустин мусобиқаи байналмилалӣ миёни теннисбозони наврас барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе бо ширкати варзишгарони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон ва Чин баргузор шуд, соҳиби ду ҷоиза гардид. Аҳмадҷон дар рақобатҳои инфиродӣ байни писарон мақоми дувумро касб карда, бо медали нуқра сарфароз гашт. Вай, ҳамчунин дар рақобатҳои ҷуфти мардона ҳамроҳи теннисбози дигари тоҷик Бахтиёр Саъдуллоев муваффақ ба дарёфти медали биринҷӣ шуд. Аҳмадҷони Муҳаммад соли гузашта боз дар мусобиқоти байналмилалӣ дар Австрия, Малайзия ва Русия ду медали тилло ва ду медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, чаҳор сол инҷониб таҳти раҳбарии мураббӣ Сергей Макашин машқ мекунад. Аҳмадҷони сездаҳсола дар қатори ҳашт нафар зӯртарин теннисбозони навраси минтақаи Осиёи Марказӣ барои ширкат дар марҳалаи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки соли равон дар Ҳиндустон баргузор мешавад, роҳ ёфтааст.

Ҳамчунин теннисбози навраси тоҷик Акбари Раҳмон порсол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Истамбули Туркия дар рақобатҳо миёни ҳамсолони худ мақоми севумро ишғол кард. Дилшод Шарифӣ, теннисбози дигари тоҷик барандаи мусобиқаи кушодаи вилояти Бухорои Узбакистон гардид. Теннисбоздухтарони тоҷик низ порсол натоиҷи назаррас ба даст оварданд. Орой Махтумова, ки ҳамроҳи намояндаи Қазоқистон Евгения Плевако дар сабқати ҷуфти занона пирӯз шуд, барандаи Ҷоми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Дар ин навъи рақобатҳо Таҳмина Бурҳонова ва Азиза Азизова мақоми севумро касб карда, бо медалҳои биринҷӣ қадрдонӣ шуданд.

Вале тими мунтахаби бузургсолони Тоҷикистон дар мусобиқаи минтақавии Ҷоми Дэвис дар Ҳонконг аз дастаҳои мунтахаби Малайзия, Арабистони Саудӣ, Қатар ват ими мизбон шикаст хӯрда, танҳо бар тими Баҳрайн ғолиб омад ва дар ҷадвали гурӯҳи севум дар зинаҳои охир қарор гирифт. Тибқи низомномаи мусобиқа Тоҷикистон ба гурӯҳи поин -- чаҳорум гузашт. Татяна Ҳамидова, дабири кулли Федератсияи тенниси Тоҷикистон дар бораи сабаби номуваффақии тими мунтахаби тенниси Тоҷикистон дар ин мусобиқот гуфт: « Дар рақобатҳо дастаи хеле ҷавони кишвар, ки синни аъзояш аз 16 то 18-сола буд, ширкат кард, вале ҳарифонашон теннисбозони пуртаҷрибаю моҳири 25-26-сола буданд. Ва ин камтаҷрибагӣ ба варзишгарони ҷавони мо имкон надод,ки натоиҷи хуб ба даст оранд.» Вале ба назари ӯ теннисбозони ҷавони тоҷик, ки дар ин мусобиқа таҷоруби хуб касб карданд, дар мусобиқоти оянда натоиҷи назаррас ба даст меоранд.

Ба гуфтаи Мансур Яҳёев, мураббии тими мунтахаби тенниси Тоҷикистон ин риштаи варзиш аслан дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Чкаловск рушд ёфтааст. Дар пойтахти кишвар ва вилояти Суғд майдонҳои теннис мавҷуданд ва кӯдакону наврасон дар ду мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ аз мураббиён дарси маҳорат меомӯзанд. Қасри тенниси шаҳри Душанбе макони баргузории мусобиқоти ҷумҳуриявию минтақавӣ гардидааст. Дар ин ҷо,ҳамчунин дастаи мунтахаби кишвар тамрин мекунад. Мансур Яҳёев мегӯяд боиси хушнудист, ки майдонҳои назди Қасри теннис ба шарофати баргузории нахустин мусобиқаи байналмилалии Ҷоми президенти Тоҷикистон дар муддати хеле кӯтоҳ - як моҳ азнав сохта шуданд ва барои рушди теннис хизмат мекунанд. Мураббӣ, ҳамчунин иброз дошт, ки солҳои охир ба теннис шахсони олимақоми кишвар шуғл меварзанд. Бахусус баъди таваҷҷӯҳ пайдо кардани Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозии теннис кӯмаки ҳукумати кишвар ба ин риштаи варзиш бештар эҳсос мешавад. Ба ин тартиб мутахассисони соҳа изҳори умедворӣ мекунанд, ки бо афзудани таваҷҷӯҳи мақомот ба теннис ин риштаи варзиш миёни варзишгарони бузургсол низ густариш хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG