Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон вуруди гӯшти парранда аз Туркияро манъ кард.


Хабаргузории Итар Тасс иттилоъ медиҳад, ки мақомоти Тоҷикистон вуруди гӯшти парранда ва маҳсулоти гӯшти парранда аз Туркияро манъ кардаанд ва феълан тоҷирони бозорҳову фурӯшгоҳҳои шаҳри Душанбе маҳсулоти гӯшти паррандаи Туркияро аз дуконҳо хориҷ намуданд.
Ҳамин манбаъ афзудааст, ки сар аз моҳи ноябри гузашта Тоҷикистон вуруди гӯшту тухми парранда ва паррандаи зинда аз Чин, баъзе вилоятҳои Русия ва баъзе мамолики минтақаро таҳрим карда буд.
Амирбек Муллоҷонов сарбайтори Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Итар Тасс гуфтааст, ки дар ҷумҳурӣ то ҳанӯз ягон ҳодисаи бемории зукоми мурғӣ кашф нашудааст, вале байторон чораҳои эҳтиётӣ меандешанд. Ӯ илова кардааст, ки назорат дар парваришгоҳҳои парранда таҳким ёфтаву ниҳодҳои ҳифзи муҳити зист паррандаҳои муҳоҷирро ба таври муназзам маҳв менамоянд.
Дар ҳамин ҳол расонаҳои Туркия иттилоъ медиҳанд, ки дар вилояти Шиваси ин кишвар боз як бемори зукоми мурғӣ ташхис шуд. Ҳамин тариқ шумораи гирифторони зукоми мурғӣ дар Туркия 15 нафар расидааст. Аз ин байн камаш се нафар аз ин беморӣ ҳалок шуданд. Ба гуфти мансабдорони Туркия гирифторони зукоми мурғӣ бо паррандаҳои бемор дар тамос будаанд ва ҳеҷ шаҳодате дар даст нест, ки беморӣ аз одам ба одам гузаштааст. Бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз тавсеаи сирояти зукоми мурғӣ дар Туркия ҳазорҳо сар парранда маҳв шуд ва ин раванд ҳанӯз ҳам идома дорад.
Русия тасмим гирифт, ки назорат дар марз бо Туркия ва дигар кишварҳои ҳамсояро таҳким бахшад.
XS
SM
MD
LG