Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусулмонон таҷлили иди Қурбонро шурӯъ намуданд


Дар ҳоле, ки ҳоҷиён маросими сангпартоӣ ба тарафи шайтонро шурӯъ кардаанд, дар гӯшаҳои мухталифи олам таҷлили иди Қурбонро оғоз ёфт.
Рӯзи душанбе ҳоҷиён дар канори кӯҳи Арафот: маконе, ки 14 аср пеш пайғамбари Ислом Муҳаммад алайҳи салот ва салом охирин ваъзи худро ироа намудааст, дуо хонданд.
Рӯзи сешанбе ҳоҷиён дар масҷиди бузурги Маккаи Мукаррама намоз хонда, сипас дар давоми се рӯз дар минтақаи Мино сӯи рамзи шайтон санг хоҳанд партофт. Барои ҳифзи назму субот дар ҷараёни сарнгпартоии ҳоҷиён Арабистони Саудӣ 60 000 афсару сарбози нерӯҳои амниятиро дар Мино мустақар намудааст. Соли 2004-ум ҳангоми сангпартоӣ 250 ҳоҷӣ зери по монда ба ҳалокат расида буданд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов мусулмонони олам ва мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии иди Қурбон табрик кардааст.
XS
SM
MD
LG