Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Раҳмонов ба таҳқиқи сӯхтор 10 рӯз мӯҳлат дод


Эмомалӣ Раҳмонов, президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи изтирории ҳукумат дар робита ба сӯхтор дар парваришгоҳи кӯдакони маъюб ва камрушди «Чорбоғ» аз мақомоти додситонӣ талаб кард, ки дар 10 рӯзи оянда сабабҳои оташсӯзиро мушаххас ва дастандаркорони ин ҳодисаро ба ҷазо кашанд. Дар ин ҷаласа ба муовини нахуствазири Тоҷикистон оид ба масоили иҷтимоӣ Хайринисо Мавлонова дар робита ба оташсӯзии парваришгоҳи «Чорбоғ» дар шаҳри Душанбе танбеҳ дода шуд. Ҳамчунин вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зокир Вазиров ва масъули бахши Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ оид ба иҷтимоиёт Бобохон Маҳмадов барои камтаваҷҷӯҳияшон мавриди сарзаниш қарор гирифтанд. Раҳмонов ба муовини нахуствазир Асадулло Ғуломов супориш дод, ки дар камтарин фурсат дар ноҳияи Варзоб барои кӯдакони маъюби парваришгоҳи «Чорбоғ» як бинои нав сохта шавад. Дар ҷаласаи изтирории ҳукумати Тоҷикистон вазири умури дохила Ҳумдин Шарифов пиромуни сабабҳои оташсӯзӣ дар парваришгоҳи «Чорбоғ», ки бар асари он 13 ноболиғ ба ҳалокат расид, маълумот дода ва гуфт, оташсӯзӣ дар ин муассаса бар асари бемасъулиятии роҳбарони парваришгоҳ рух додааст. Дар ҳамин ҳол Кулфат Ҳусейнзода, муовини додситони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон гуфт, нисбат ба яке аз масъулони парваришгоҳи «Чорбоғ» Илҳом Ашӯров барои камтаваҷҷӯҳӣ ба вазифаи хидматиаш ҳанӯз 22-юми ноябри соли гузашта парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст. Ҳамчунин аз Илҳом Ашӯров ба андозаи сад маоши ҳадди ақал ҷарима ситонида шудааст. Ва аммо Соҳиб Зубайдуллоев, масъули хадамоти сӯхторнишонии Тоҷикистон мегӯяд, сӯхтор на соати 1-у 25 дақиқаи шаб, балки дар соати 12:30 дақиқа рух додааст, аммо масъулони ин муассиса танҳо баъди қариб як соат ба хадамоти сӯхторнишонӣ муроҷиат кардаанд, ки ин боиси ҳалокати теъдоди зиёди кӯдакон шуд. Сафоратҳои ИМА, Русия ва Ирон, инчунин дафтари созмони ЮНИСЕФ дар шаҳри Душанбе аз омодагии хеш барои расонидани ёрии моддӣ ба осебдидагони парваришгоҳи «Чорбоғ» эълом дошта, аллакай ба 77 нафар кӯдаки маъюби парваришгоҳ маводи хӯрока ва сару либоси зимистона расонда шудааст. Маросими дафни кӯдакони ҳалокшуда дар рӯзи 10-уми январ дар назар аст. Харҷи маъракаро ҳукумати Тоҷикистон ба ӯҳда гирифт.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG