Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавқифи амалиёти минрубӣ дар Тоҷикистон


Маркази минрубии Тоҷикистон барномаи амалиёти поксозии манотиқи шарқи кишвар аз минаро мутаваққиф кардааст. Парвиз Мавлонқулов, муовини раиси маркази минрубии Тоҷикистон бо эълони ин хабар гуфт, ки амалиёти поксозии аз мина дар манотиқи шарқи Тоҷикистон ба далели сармои шадид ва бориши сангини барф дар ин минтақаи кӯҳистонӣ то оғози фасли гармо қатъ шудааст. Вай афзуд, чаҳор гурӯҳи таҳқиқотӣ ва чаҳор гурӯҳи поксозии ин марказ то кунун дар навоҳии водии Рашт ва ноҳияҳои Дарвозу Ванҷи вилояти Бадахшон беш аз 10 ҳазор метри мураббаъ заминро аз мина поксозӣ кардаанд. Парвиз Мавлонқулов мегӯяд, бо вуҷуди фаъолияти ин гурӯҳҳо ҳанӯз ҳам мушаххас нест, ки чӣ миқдор мина дар ин минтақаҳо коргузошта боқӣ мондааст. Маркази минрубии Тоҷикистон барои идомаи фаъолияти худ ҷиҳати поксозии майдонҳои мина дар соли 2006 и милодӣ аз кишварҳои сармоягузор 2, 5 миллион доллар кумак дархост кардааст. Вале Парвиз Мавлонқулов мегуяд то кунун ҳеҷ як кишвар ва ё ниҳоди сармоягузор ба ин дархости маркази минрубии Тоҷикистон посух надодааст. Ин дар ҳолест, ки созмонҳо ва кишварҳои кафили сулҳи Тоҷикистон аз ҷумла тааҳҳуд супурда буданд, ки дар рафъи ин мушкил мусоидат хоханд кард. Гуфтанист танҳо дар соли 2005 дар қаламрави Тоҷикистон 5 нафар бар асари бархӯрд бо мина ҷони худро аз даст дода ва 12 нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG