Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирати тоҷикон дар Русия қонунӣ мешавад


Н.Холзода

Влодимир Путин, раиси ҷумҳури Русия қонунеро дар бораи тасвиби қарордоди миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи фаъолияти шаҳрвандони ин ду кишвар дар қаламрави якдигар ба имзо расонд. Ин қарордодро ҳукуматҳои ҳар ду кишвар 16-уми октябри соли 2004 имзо карда буданд ва он ба зудӣ дар порламони Тоҷикистон ба тасвиб расид, вале дар Русия танҳо баъд аз як солу ду моҳ, яъне 23-юми декабри соли 2005 Думои Давлатӣ ва сипас 27-уми декабр Шӯрои Федеросиюни Русия онро ба тасвиб расонд.
Ин қарордод фаъолияти муваққати муҳоҷирини кории тоҷик дар қаламрави Русияро танзим мекунад. Ҳоло корхонаҳои Русия наметавонанд, ба таври ғайриқонунӣ аз нирӯи кории муҳоҷирин истифода кунанд. Муҳоҷирон тибқи ин қарордод дар баробари кори худ бояд аз хадамоти беҳдоштӣ ва соири ҳуқуқи муҳоҷирин бархӯрдор бошанд, ба шарти ин ки худи онҳо муқаррароти пешбинишудаи сабтиномро риоят кунанд.
Путин ҳамчунин имрӯз тарҳи қонуни ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистонро дар дидбонии марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон барои тавсиб ба Думои давлатии Русия фиристод.
XS
SM
MD
LG