Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2006: Равобити байналмилалии Тоҷикистон


Пажӯҳиши маркази таҳлилии Экономист Интеллинҷенс Юнит Мутахассисони маркази ҷаҳонии мутолиоти стратегӣ, мавсум ба Экономист Интеллинҷенс Юнит (Economist Intelligence Unit), аз рӯи тамоюлҳои гузашта ва нишонаҳои оянда, дурнамои Тоҷикистонро дар солҳои 2006 ва 2007 пешбинӣ кардааст. Ҷамъан он посух ба саволест, ки дар солҳои баъдӣ шаҳрвандони Тоҷикистон дар чӣ кишваре ба сар хоҳанд бурд.

Равобити низомӣ ва иқтисодӣ бо Русия ҳамчунон дар соли оянда тақвият хоҳад шуд. Тавофуқи Тоҷикистон бо Русия дар соли 2004 барои барқарории як пойгоҳи низомии доимӣ барои Русия -- ки бузургтарин пойгоҳи низоми домиии Русия дар хориҷ аз кишвар хоҳад буд--- меҳвари аслии ин равобитро ташкил хоҳад дод. Дар ҳамон тавофуқнома сармоягузории калони Русия дар бахши алюминюм ва энержии Тоҷикистон дар назар гирифта шудаааст. Аммо дар айни ҳол Тоҷикистон равобити наздики худ бо Амрикоро низ дунбол хоҳад кард, ба хусус дар заминаи дарёфти кӯмакҳои молии Амрико ва дар ин ҷиҳат Тоҷикистон қабул кардааст, ки Амрико битавонад, аз хоки ин кишвар барои бензингирии ҳвавопаймоҳои амрикоӣ ва аз ҳарими ҳавоии Тоҷикистон барои парвози ин ҳавопаймоҳо истифода кунад. Вале бояд дар назар дошт, ки фишори Русия ва Чин, ки машғули тақвияти равобити худ бо Тоҷикистонанд, мумкин аст боис шавад, ки ҳукумати Тоҷикистон ба Амрико иҷоза надиҳад, ки ҳузури низомии худро дар он кишвар барқарор кунад.
Мушкилоти марзӣ ва нигаронии ҳукумати Тоҷикистон аз такрори таҳаввулоти Ӯзбакистон дар Тоҷикистон равобит ин кишварро бо ҳамсояи бузургтараш мушкил сохтааст. Печидагиҳои мушобеҳе равобити Тоҷикистонро бо ҷумҳурии Қирғизистон низ то андозае таҳти таъсир қарор додааст. Аммо имкони халалдор шудани субот бисёр заъиф аст. Тоҷикистон ва Қириғизистон, ҳар ду нигарони баландпарвозиҳои Ӯзбакистон барои эҷоди ҳегемонияи минтақавианд. Ва дар натиҷа саъй хоҳанд кард равобити ҳасанаи дипломитии худро ҳифз кунанд. Дар айни ҳол интизор меравад, ки талошҳо барои эҷоди ҳамкориҳои бештари минтақавӣ дар беҳтарин нигоҳ бо муваффақияти маҳдуде мувоҷеҳ шаванд. Зеро азми сиёсӣ ва манобеи молӣ дар ин замина -- ҳар ду заъифанд. Ба илова талошҳои ҷадид барои тақвияти тиҷорати минтақавӣ эҳтимолан натиҷаҳои беҳтаре аз гузашта нахоҳад дошт. Ва иллати умдаи он мушкилоти гумрукӣ мебошад, ки асосан ба тавассути Ӯзбакистон роҳандозӣ мешавад. Афзун бар ин низоъҳои марзӣ байни Ӯзбакистону Тоҷикистон дар мавриди минагузории марзҳо аз сӯи Ӯзбакистон кудурати бештареро дар байни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба вуҷуд овардааст. Масъалаҳои дигаре, монади боздошт ва зиндонӣ кардани ду шаҳрванди Ӯзбакистон, ки ба ҷосусӣ барои нерӯҳои амниятӣ ва дифоъии Ӯзбакистон гумонбар мешаванд, равобити ду кишварро ҳарчӣ сардтар кардааст. Ҳамчунин дар 6 моҳи гузашта чанд нафар аз атбоъи Ӯзбакистон ба иттиҳоми эҷоди бесуботӣ ва фаъолиятҳои ҷосусӣ дар дохили қаламрави Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд. Ҳамчунин, тибқи гузоришҳо, авомили амниятии Ӯзбакистон дар ҷустуҷуи ташкилкунандагони тазоҳуроти моҳи майи Андиҷон ба дохили хоки Тоҷикистон ворид гашта буданд.

Аз идора: Экономист Интеллинҷенс Юнит бо фармоиши ширкатҳои ҷаҳонӣ чунин ҳуҷҷатҳоро омода карда, тайи 50 соли охир як манбаъи боварбахши маълумот дар сартосари дунё мебошад.
XS
SM
MD
LG