Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби аграрӣ мехоҳад дар интихоботи президентӣ номзади худро пешниҳод кунад


ақ

Ҳизби нави аграрӣ ё кишоварзии Тоҷикистон эълон кард, ки дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2006 бо номзади худ вориди сабқати интихоботӣ мешавад. Раиси ин ҳизб Амир Қароқулов бо эълони ин хабар дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе ҳамзамон даъвои бархе аз масъулини аҳзоби сиёсӣ аз ҷумла Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро дар бораи эҳтимоли ташкили эътилофи ҳизби аграрӣ бо Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар интихоботи президентӣ иштибоҳ хонд. Вай гуфт танҳо дар сурати мутобиқати мавқеъ ва барномаи амали аҳзоби дигар ва бахусус дар масъалаи ислоҳоти бахши кишоварзии кишвар бо ҳизби ӯ имкони ташкили эътилоф вуҷуд дорад. Ва гузашта аз ин агар ҳукумати кишвар дар сиёсати кишоварзии худ, ки ба гуфтаи ӯ, то кунун муваффақ набудааст, ислоҳоти ҷиддӣ ворид накунад ва пешниҳодоти ҳизби ӯ дар ин замина пазируфта нашавад, Ҳизби аграрӣ дар шумори мухолифин ҳукумат ҷой хоҳад гирифт. Аммо Раҳматуло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, сабтиноми ҳизбҳои Ислоҳоти иқтисодӣ ва Кишоварзии Тоҷикистон аз сӯи мақомот бо ҳадафҳои муайян сурат гирифтааст. Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2005 сабти ном ва ҳаштумин ҳизби сиёсии расмии кишвар шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз аҳзоби дигар аз ҷумла Ҳизби тараққиёти Султон Қувватов аз соли 2001 ба ин сӯ натавонистааст сабти ном шавад.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG